14 август Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35-шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад

Август 7, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14  август дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Топ – 35- шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Озмун бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати мамлакат бо ҳамшарикии ташкилоти байналмилалии Маркази рушди зеҳнӣ баргузор мегардад.

Дар озмун соҳибкорон, ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо, ташкилоти қарзӣ, суғуртавӣ ва дигар ташкилоти хизматрасон иштирок намуда, барои фаъолияти босамар, сифати хизматрасонӣ, масъулияти баланд ва эътимоди шарикӣ қадрдонӣ мегарданд.

Мақсади озмун муайян намудани ширкату корхонаҳои боэътимоди ватанӣ, мусоидат ба рушди бахши хусусӣ, тақвият бахшидани муносибатҳои тиҷоратӣ ва шарикии соҳибкорони ватанӣ-аъзои палата, ҷалби сармоягузорон ва шарикони хориҷӣ барои ҳамкорӣ бо соҳибкорони боэътимоди Тоҷикистон, ҳавасманд намудани соҳибкорони ватанӣ барои беҳтар кардани сатҳу сифати маҳсулот ва хизматрасониҳо тавассути рақобати солим, муайян намудани ширкату корхонаҳои муваффақтарину боэътимод ва баланд бардоштани нуфузу эътибори  соҳибкорони ватанӣ дар байни доираҳои соҳибкории мамлакатҳои хориҷӣ мебошад.

 АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 7, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд