15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд

Август 15, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 август Рӯзи байналмилалии бостоншиносӣ муқаррар гардидааст. Бостоншиносӣ ҳамчун илми омӯзиши таърихи гузашта нақши калидӣ дорад. Маҳз ба ин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 дастур доданд, ки Қонун «Дар бораи бостоншиносӣ» таҳия карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «мероси таърихию фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Вале бо вуҷуди он, ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи ин меросро ташкил медиҳанд, дар кишвар қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест. Вобаста ба ин, масъулини соҳаро зарур аст, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд…».

Тавре Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, дар агентӣ оид ба иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби коршиносон ва олимони соҳа ташкил карда шуда, лоиҳаи Қонун «Дар бораи бостоншиносӣ»-ро бо инобати хулосаи мақомоти марбутаи соҳавӣ таҳия намуда, барои баррасӣ ба мақомоти ваколатдори соҳавии мамлакат пешниҳод намудааст.

«Ҳамчунин дар самти пешбурди корҳои бостоншиносӣ ба кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои таҳқиқоти ёдгориҳои бостонии Кулдараи ноҳияи Ховалинг, Нозкӯли ноҳияи Восеъ, Золи Зар ва Чоргултеппаи ноҳияи Данғара, ниҳодҳои Агентӣ — Шаҳристони Ҳулбук, Қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан ва корҳои ҳафриётӣ-иктишофии Тоҷикистон-Фаронса дар водии Рашт, Донишгоҳи миллӣ — дар ёдгории бостонии Шаҳртеппаи ноҳияи Фархор, Осорхонаи миллӣ — дар ёдгории бостонии Ҳалқаҷари ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм ва осорхонаи 5500-солагии Саразм-дар шаҳраки Саразм, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи А.Рӯдакӣ дар ёдгориҳои бостонии Муборакшо ва Қаландартеппаи шаҳри Панҷакент, дар маҷмуъ 24 адад иҷозатномаҳои бостоншиносиро пешниҳод намуда, иҷрои онро мунтазам назорат менамояд», -афзуд Шералӣ Хоҷазода.

Директори Агентӣ изҳор дошт, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, бостоншиносӣ, тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ густариш ёфтаанд. Осорхонаҳо, мавзеъҳои таърихӣ ва марказҳои илмӣ дар самти муаррифии таърихи миллат фаъол гардидаанд.

Яке аз дастовардҳои муҳимми даврони истиқлолият густариши ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг — ЮНЕСКО мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 апрели соли 1993 узви ЮНЕСКО гардид, ки дар рушди ҳамкории кишвар бо ин созмони байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ бо мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва табиӣ бештар муаррифӣ мешавад.

«Бостоншиносӣ яке аз самтҳои муҳими илми таърих мебошад. Ин илм ба воситаи омӯзиши бозёфтҳои моддӣ, қабатҳои фарҳангӣ, шаҳрҳои қадимӣ, бошишгоҳҳо, қабрҳо, қалъаҳо, асбоби меҳнат, зарфҳо, сиккаҳо ва дигар осори бостонӣ саҳифаҳои гузаштаи инсониятро барқарор менамояд», -иброз дошт директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Илми бостоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти хосса дорад, зеро сарзамини мо яке аз минтақаҳои қадимтарини тамаддуни инсонӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

«Бошишгоҳҳои қадимаи Ховалинг, ёдгориҳои давраи санг, Саразм, Панҷакенти Қадим, Ҳулбук, Аҷинатеппа ва даҳҳо ёдгории дигар шаҳодат медиҳанд, ки дар қаламрави имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои гуногуни таърихӣ равандҳои муҳими фарҳангӣ ва тамаддунӣ ба амал омадаанд. Аз ин рӯ, ҳар ҳафриёти археологӣ танҳо кашфи ашёи қадимӣ нест. Он метавонад барои бозсозии таърихи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеаҳои гузашта маълумоти нав пешниҳод намояд», -афзуд ҳамсуҳбати мо.

Таъкид карда шуд, ки бозёфтҳои бостоншиносӣ нишон медиҳанд, ки сокинони мамлакат ба кишоварзӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ, маъданкашшофӣ ва тиҷорат машғул буданд. Бозёфт шудани ашёи мисӣ, тиллоӣ, нуқрагӣ, сафолӣ ва дигар маводи бостонӣ аз рушди ҳунармандӣ ва робитаҳои васеи иқтисодию фарҳангии сокинони он шаҳодат медиҳад. Ин дастоварди муҳим нишон медиҳад, ки натиҷаи фаъолияти бостоншиносон метавонад ба қисми шиносномаи фарҳангии кишвар табдил ёбад.

Ҳудуди имрӯзаи мамлакат дар давраҳои гуногуни таърихӣ яке аз минтақаҳои муҳими робитаи Шарқу Ғарб ба ҳисоб мерафт. Аз ин роҳҳо на танҳо молу маҳсулот, балки дониш, фарҳанг, технология, забон, анъана ва ҷаҳонбинӣ низ интиқол меёфт.

Дар замони муосир ба бостоншиносон инчунин истифодаи технологияҳои рақамӣ — харитасозии GIS, аксбардории ҳавоӣ, дронҳо, фотограмметрия, сканеркунии сеандоза ва пойгоҳҳои рақамии маълумот имконияти нав фароҳам меорад.

Рақамисозии ёдгориҳо барои ҳифзи маълумоти илмӣ аҳаммияти махсус дорад. Зеро дар ҳолати осеб дидани ёдгорӣ маводи рақамӣ метавонад барои омӯзиш ва барқарорсозии минбаъда истифода шавад.
Бояд иброз намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ дар сиёсати давлатии мамлакат ҷойгоҳи муҳим пайдо кардааст.

Омода намудани кадрҳои ҷавон ва баландихтисос дар соҳаҳои бостоншиносӣ, меъмории таърихӣ, тармим, консерватсия, осорхонашиносӣ ва идоракунии мероси фарҳангӣ низ вазифаи муҳим мебошад. Ҳамзамон истифодаи технологияҳои муосир ва рушди ҳамкории байналмилалӣ бояд ҳамчун самти афзалиятнок идома ёбад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 15, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад