15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд

Август 13, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар донишкада барномаҳои академие амалӣ мегарданд, ки дар ҳамкорӣ бо ду донишгоҳи бонуфузи Британияи Кабир — Донишгоҳи Сандерланд ва Донишгоҳи Тессайд таҳия шудаанд. Ин ҳамкорӣ ба донишҷӯён дар Тоҷикистон имконияти дастрасӣ ба барномаҳои байналмилалӣ ва гирифтани дипломи Британияи Кабирро бе сафар ба хориҷи ҷумҳурӣ фароҳам меорад. Дар ин хусус ректори Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе Зайниддин Мухторов 12 август зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки аз соли 2023 донишкада барномаҳои бакалавриатро дар самтҳои «Менеҷменти молия ва бизнес», «Менеҷменти бизнес ва маркетинг», «Технологияҳои иттилоотӣ», «Киберамният» ва «Менеҷменти туризми байналмилалӣ ва меҳмоннавозӣ» пешниҳод менамояд. Ҳамзамон аз соли 2024 барномаҳои вижаи магистратура, аз ҷумла «Магистри мудирияти бизнес» (Master of Business Administration) амал менамоянд. Ин барномаҳо барои самтҳои афзалиятноки рушди миллӣ ва талаботи бозори меҳнат мувофиқ буда, махсусан дар соҳаҳои бизнес, мубодилоту мухобироти рақамӣ, рушди саноат ва туризм аҳамияти назаррас доранд.

«Соли равон аввалин хатмкунандагони барномаи «Магистри мудирияти бизнес» бо теъдоди 15 нафар мутобиқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд. Ҳамаи хатмкунандагон дар корхонаҳои давлатию созмонҳои байналмилалӣ соҳиби ҷойи кор гардида, ду нафарро донишкада ба фаъолияти меҳнатии доимӣ ҷалб намуд»,- гуфт Зайниддин Мухторов.

Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар соли таҳсили 2024 – 2025  13 донишҷӯ ва дар соли таҳсили 2025-2026 15 донишҷӯ бо истифода аз квотаҳои шарикон ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар соли хониши 2026–2027 донишкада талош дорад, ки барои довталабон 26 квотаи таҳсил дастрас намояд.

АКС: Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе

Август 13, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд