29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад

Август 26, 2026 14:34

ДУШАНБЕ, 26.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад. Дар ин рӯз дастовардҳои фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва дигар имконоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон муаррифӣ карда мешаванд.

Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконият фароҳам меорад, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт бо суннатҳои неки ниёгон ва фарҳанги пурғановати мардуми Хатлонзамин аз наздик шинос гарданд. Дар ин рӯз барномаи фарҳангии иборат аз рақсу сурудҳои ҳунармандон пешниҳод карда мешавад.

Рӯзҳои фарҳангӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

Август 26, 2026 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд