31 август дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 30.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 август дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат Рӯзи дониш таҷлил карда мешавад, ки он бо Дарси сулҳ, ватанпарастӣ ва шуҷоат оғоз меёбад. Имсол таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, 31 август дар муассисаҳои таълимӣ ҷамъомад баргузор гардида, дар он хонандагони синфҳои аз 8 то 11 ва донишҷӯён иштирок менамоянд. Хонандагони синфҳои аз 1 то 7 рӯзи 1 сентябр ба дарс мераванд.
Дар айни замон тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат барои таҷлили шоистаи Рӯзи дониш омодагӣ мебинанд. Рӯзи дониш дар саросари мамлакат бо шодию фараҳ пешвоз гирифта мешавад. Ҳамасола Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз дар ин ё он муассисаи таълимӣ бо хонандагону донишҷӯён ва намояндагони соҳаи маориф суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд ва бурду бохти соҳаро тавзеҳ дода, ҳамагонро ба омӯхтани илму дониш, ки чароғи роҳи инсоният аст, даъват менамоянд.
1 сентябри соли 2021, дар Рӯзи дониш Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иброз доштанд, ки падару модарони муҳтарам бояд раванди таълиму тарбияи фарзандонро ҷиддӣ назорат кунанд ва ба масъалаи фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзии онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
«Ҳадафи мо аз фароҳам сохтани шароити беҳтарин барои таълиму тарбияи шумо – фарзандони азиз, аз он иборат аст, ки бо истифода аз чунин имконияти мусоид хуб хонед, илму дониш омӯзед, касбу ҳунарҳои замонавиро азхуд намоед ва дар оянда ба халқу Ватан ҳамчун кадрҳои ҷавон содиқона хизмат кунед.
Шумо – наврасону ҷавонони имрӯза, яъне насли хушбахти замони истиқлол соҳибони ояндаи Ватан, давлат ва номбардорони фардои миллат ҳастед», — изҳор намуданд Сарвари давлат.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






