35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беш аз 700 метр роҳи кӯчаҳои шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон мумфарш карда шуд

Август 13, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сокинону соҳибкорони ватандӯсти ба корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳо таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ дода шуд, дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон мумфаршкунии роҳҳои кӯчаҳои марказӣ бо ташаббуси сокинону соҳибкорони маҳаллӣ вусъат гирифтааст. Беш аз 700 метр роҳи кӯчаҳои марказии шаҳрак мумфарш гардида, тибқи нақша мумфаршкунии роҳҳо то охири сол идома меёбад.

Шаҳраки Адрасмон бо табиати зебою нотакрор ва имконияти фаровони иқтисодию истеҳсолӣ дар марҳилаи нави рушд қарор дорад. Бо амалӣ гардидани тадбирҳои созанда ва рушди иқтидори саноатӣ ояндаи наздик шаҳрак метавонад ба яке аз маҳалҳои ободу пешрафта ва саноатии минтақа табдил ёбад.

Дар Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» низ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи саноат, бунёду барқарорсозии корхонаҳои калон ва ба кор даровардани иқтидори нави истеҳсолӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мегардад. Таҷдиду навсозӣ ва барқароркунии иқтидори истеҳсолии Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» аз тадбирҳои муҳим дар ин самт аст. Беш аз 10 техникаи муосир, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти боркашонӣ ба корхона ворид гардида, барои тақвияти заминаи техникию истеҳсолии он истифода мешаванд. Навсозии техника ва таҷҳизот имкон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсолот афзоиш ёфта, фаъолияти корхона боз ҳам тақвият ёбад.

Барқарорсозӣ ва фаъол гардидани Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» дар баробари эҳёи иқтидори саноатии минтақа ба рушди иқтисодии шаҳри Гулистон, афзоиши ҷойи нави кор ва истифодаи самараноки имконияти мавҷуда мусоидат мекунад.

Ҳамзамон дар шаҳраки Адрасмон иншооти нави хизматрасонӣ- меҳмонхонаи «Симин» ба истифода дода шуд. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои 14 ҳуҷра, ошхона, толори қабули меҳмонон, маҷлисгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад. Меҳмонхона барои қабули 28 нафар пешбинӣ гардида, бо сифати баланд ва бо истифода аз унсурҳои хоси меъморӣ бунёд шудааст. Дар он барои истироҳат ва қабули меҳмонон тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

Бояд гуфт, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бунёду навсозии 59 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз қисми зиёди иншоот ба истифода дода шуда, корҳои созандагӣ дар дигар мавзеъҳо низ идома доранд. Аз ҷумла, дар шаҳрак сохтмону навсозии муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ идома дошта, барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани имконияти нави фаъолият тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Инчунин бо саҳми Фонди хайриявии Музаффар кӯдакистони «Садбарг» барқарор карда мешавад. Сохтмону навсозии кӯдакистони «Садбарг», Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва дигар муассисаҳои таълимию тиббӣ аз ҷумлаи иқдоми муҳиме мебошанд, ки ба баланд гардидани сатҳи таълиму тарбия, беҳтар шудани хизматрасонии тиббӣ ва фароҳам овардани ҷойи нави кор мусоидат мекунанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 13, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд