35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ роҳпаймоӣ доир гардид
РӮДАКӢ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Ҷамоати деҳоти Эсанбой Алимардон Нурматов иттилоъ дод.
Дар роҳпаймоӣ масъулини Ҷамоати деҳоти Эсанбой, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, ҷавонон ва фаъолони ҷамоат иштирок намуда, бо бардоштани шиору овезаҳои ватандӯстона эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро намоиш доданд.
Мақсади асосии ҳамоиш тарғиби ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назди муассисаҳои таълимии деҳаҳои Гулибодом, Шуриён, Сафедчашма, Шаббода ва Насими кӯҳсори ноҳия барои 850 хонанда дар ду баст синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардидаанд. Ин синфхонаҳо дар арафаи ҷашни давлатӣ мавриди истифода қарор гирифта, ба ин восита мушкилоти норасоии ҷойи нишаст пурра бартараф карда мешавад.
АКС: Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






