35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки Рашт маркази саломатии деҳот ба истифода дода шуд

Август 19, 2026 11:37

РАШТ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт Маркази саломатии деҳот ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Зимни ифтитоҳи иншоот иброз гардид, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, фароҳам овардани шароити муносиб барои дастрасии мардум ба хизматрасонии тиббии босифат аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими соҳаи тандурустӣ мебошад.

Маркази саломатии навбунёд аз 9 ҳуҷра иборат буда, бо шароити мусоид ва имконияти зарурӣ барои қабули беморон ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолӣ пешбинӣ гардидааст. Дар он ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ, хатна, бақайдгирӣ, табибони оилавӣ ва занона мавҷуд буда, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Марказ барои сокинони Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак имконияти дастрасии бештар ба хизматрасонии тиббиро фароҳам меорад.

Маркази саломатӣ бо саҳми саховатмандон, аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бунёд гардида, ба 4340 нафар аҳолии ҷамоати дурдасти Ҳиҷборак хизмати тиббӣ мерасонад.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт 5 маркази саломатии деҳот ва 14 бунгоҳи тиббӣ ба исифода дода шуда, сохтмони 2 маркази саломатии деҳот ва 1 бунгоҳи тиббӣ идома дорад. Дар доираи ин ҷашни давлатӣ инчунин 26 маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ аз таъмири пурра бароварда шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Август 19, 2026 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд