35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бӯстон озмуни шаҳрӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 12.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд озмун баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ медиҳад.
Озмун барои муайян ва дастгирӣ намудани шахсони соҳибистеъдод, ҳавасманд намудани меҳнати созанда, рушди иқтидори эҷодиву касбӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон доир гардид.
Ғолибон дар номинатсияҳои «Мақолаи беҳтарин», «Шеъри беҳтарин», «Расми беҳтарин», «Ролики беҳтарин», «Ҷавони муваффақ», «Хизматчии давлатии беҳтарин», «Беҳтарин корманди соҳаи хоҷагии коммуналӣ», «Беҳтарин корманди қитъаи обтаъминкунӣ», «Барқкори беҳтарин», «Корхонаи саноатии беҳтарин», «Беҳтарин истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатӣ», «Суруди беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Кӯчаи беҳтарин», «Хонаи истиқоматии беҳтарин», «Оилаи намунавӣ», «Мураббии пешқадам», «Муассисаи таълимии беҳтарин», «Варзишгари беҳтарин», «Омӯзгори муваффақ», «Олими муваффақ», «Духтури оилавии намунавӣ», «Табиби беҳтарин», «Ҳамшираи беҳтарин» муайян гардида, бо Ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Маросими ҷоизасупорӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, ба таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шукуҳи хосса бахшид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд






