35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон 341 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 11.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 341 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Тавре сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдуллозода иттилоъ дод, иншоот аз 2894 синфхона барои 69 ҳазору 456 ҷойи нишаст дар як баст ва барои 1 миллиону 389 ҳазору 12 ҷойи нишаст дар ду баст бо маблағи 1 миллиарду 213 миллиону 688 ҳазор сомонӣ иборат мебошанд.
Аз шумораи умумии иншооти бақайдгирифта 122 иншоотро биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, 96 иншоотро синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, 36 иншоотро муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии нав, 36 иншоотро муассисаҳои таҳсилоти томактабии нав, 39 иншоотро марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак, 2 иншоотро филиали муассисаи таълимӣ, 3 иншоотро бинои маъмурии шуъбаи маориф ташкил медиҳад. Ҳамзамон 6 муассисаи таълимӣ пурра таъмир ва 1 муассисаи таълимӣ навсозӣ карда мешавад.
Аз шумораи умумии ин иншоот 61 иншоот бо маблағҳои буҷети давлатӣ (411 миллиону 151 ҳазор сомонӣ), 159 иншоот бо маблағгузории Кумитаи падару модарон дар якҷоягӣ бо соҳибкорони маҳаллию ватанӣ (334 миллиону 92 ҳазор сомонӣ) ва 121 иншоот бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд (468 миллиону 445 ҳазор сомонӣ) сохта мешаванд.
Ба ҳолати 20 июли соли 2026 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 50 иншооти соҳаи маориф, иборат аз 210 синфхона барои 5040 ҷойи нишаст дар як баст ва барои 100 ҳазору 80 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» қабул гардидааст.
Барнома ба ҳалли мушкилоти ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон, аз байн бурдани биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам намудани шароити мусоиди таҳсил равона гардидааст. Ҳадаф аз татбиқи барнома беҳтар гардонидани вазъи моддӣ-техникии муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






