35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 14.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт, ки бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст, осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад. Ҳоло сохтмони ин осоишгоҳ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, ин лоиҳа бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Истамой Мадалиева дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, барои қабули 200 нафар пешбинӣ шудааст.
Бо истифода аз имконоти табиии кӯли Аксикон дар осоишгоҳ барои табобат ва барқарорсозии саломатӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё шуда, таҷҳизоти муосири тиббӣ насб гардидаанд. Махсусан, гирифторони бемориҳои буғумдард, миёндард, остеохондроз ва баъзе бемориҳои системаи асаб ба табобат фаро гирифта мешаванд.
Ҳамчунин дар ҳудуди осоишгоҳ боғу гулгашт, иншооти хизматрасонӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ бунёд шуда, барои истироҳати бароҳати шаҳрвандон ва меҳмонон шароити муносиб фароҳам оварда мешавад.
Бунёди осоишгоҳи замонавӣ дар Аксикон имкон медиҳад, ки захираҳои табиии мавзеъ самаранок истифода шуда, иқтидори сайёҳии табобатии ноҳия афзоиш ёбад. Ҳамзамон ҷалби сайёҳон ва меҳмонон ба ин гӯшаи зебои Ашт метавонад ба рушди хизматрасонӣ ва иқтисоди маҳаллӣ мусоидат кунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






