35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Хуросон сохтмони иншооти соҳаи маориф вусъати тоза гирифтааст
ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохтмони иншооти соҳаи маориф вусъати тоза гирифтааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар деҳаи Бандари Ҷамоати деҳоти Сурхқалъа бинои иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 дар арафаи анҷом қарор дорад.
Иншооти нави соҳаи маориф бо 13 синфхона барои 624 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, бо маблағи беш аз 5 миллиону 494 ҳазор сомонӣ сохта мешавад. Дар бино тамоми шароити зарурии таълим фароҳам гардидааст.
Ҳамчунин корҳои сохтмонӣ дар биноҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №34, №35 ва №36-и Ҷамоати деҳоти Фахробод идома доранд.
Бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар деҳаи Баҳористон аз ду ошёна ва 11 синфхона иборат буда, барои 528 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо маблағи зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва соҳибкорон бунёд шуда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан мушкили норасоии синфхонаҳоро пурра бартараф мегардад.
Дар деҳаи Аёнчашмаи ноҳия сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 идома дошта, он аз ду ошёна ва 16 синфхона иборат мебошад. Иншоот барои 768 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, бо маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ аз ҳисоби сокинон ва шахсони саховатпеша сохта мешавад.
Дар деҳаи Коху низ сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 бо 12 синфхона барои 576 ҷойи нишаст идома дорад. Ба бунёди ин иншоот беш аз 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида, корҳои сохтмонӣ бо саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ мешаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав мушкили норасоии ҷойи нишасти хонандагони деҳа бартараф мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст






