35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зеристгоҳ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бо мақсади таъмини боэътимоди аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо неруи барқ бунёд гардидааст.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур барои пайваст намудани зеристгоҳ ба низоми ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ хати интиқоли барқи 110 кВ ба дарозии 14,5 километр аз зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ «Кӯлобдарё» (ноҳияи Восеъ) кашида шуд.
Дар айни замон сохтмон ва насби таҷҳизоти асосию ёрирасон пурра ба анҷом расида, санҷиш ва озмоиши таҷҳизоти барқӣ муваффақона анҷом дода шудааст.
Тибқи нақша, зеристгоҳи нави барқӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад. Ба истифода додани ин иншооти муҳими энергетикӣ имкон фароҳам меорад, ки сарбории зеристгоҳҳои амалкунандаи ноҳия коҳиш ёфта, эътимоднокӣ ва сифати таъминоти неруи барқ барои аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, иншооти муҳими давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ ба таври назаррас беҳтар гардад.
Ҳамзамон бо мавриди истифода қарор гирифтани зеристгоҳи нав иқтидори шабакаҳои барқии минтақа афзоиш ёфта, устуворӣ ва боэътимодии фаъолияти низоми энергетикӣ таъмин мегардад. Бо ин барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.
АКС аз бойгонӣ








Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






