35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ раёсати маориф ва 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода мешавад

Август 13, 2026 15:22

ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 148 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 18 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамояд. Дар муассисаҳои таълимӣ 119 ҳазору 605 хонанда ва дар муассисаҳои томактабӣ 3006 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия иттилоъ дода шуд.

Иброз гардид, ки сохтмони бинои маъмурии Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, 2 муассисаи томактабӣ барои 180 кӯдак дар Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ ва 1 муассисаи томактабӣ барои 90 кӯдак дар Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ идома дорад.

Тибқи нақша, ин иншоот то таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.

Дар давраи ҳисоботӣ озмуни қабули хонандагон ба донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он 125 хонанда, аз ҷумла 66 духтар иштирок карданд. Дар натиҷа ба 28 нафар, аз ҷумла 14 духтар барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои интихобкардаашон роҳхат дода шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 13, 2026 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад