35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Темурмалик 43 иншоот ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 12.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи нақшаҳои бунёдкорӣ вусъати тоза гирифтаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар Ҷамоати деҳоти Чилчаи ноҳия бунёди 74 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз дар ноҳия 43 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар 18 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Амалӣ шудани ин тадбирҳо ба фароҳам овардани шароити беҳтари иҷтимоӣ, рушди инфрасохтор ва баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат мекунад.
Дар маҷмуъ дар ноҳияи Темурмалик бунёд ва таъмиру навсозии 413 иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ шудааст. То имрӯз 327 иншоот ба истифода дода шуда, дар иншооти боқимонда сохтмон идома дорад.
Инчунин таъмиру навсозии роҳи маҳаллии деҳа, ки солҳои зиёд ба таъмир ниёз дошт ва вазъи номусоиди он дар фасли тирамоҳу зимистон барои ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади сокинон мушкилӣ пеш меовард, идома дорад. Навсозии роҳ бо ташаббуси сокинону соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ гардида истодааст. Ҳоло дар қитъаҳои алоҳида корҳои тахту ҳамворкунӣ, шағалпӯшӣ, бетонхобонии канорҳои роҳ, бунёди нуқтаҳои обгузар ва дигар тадбирҳои зарурӣ анҷом дода мешаванд. Дар марҳилаи аввал роҳ сангфарш ва баъдан мумфарш карда мешавад.
Иброз гардид, ки бунёду навсозии роҳҳо, муассисаҳои иҷтимоӣ, иншооти хизматрасонӣ ва дигар объектҳои зарурӣ дар беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ нақши муҳим доранд.
Корҳои созандагӣ нишон медиҳанд, ки дар ноҳия омодагӣ ба ҷашни миллӣ танҳо бо бунёди иншооти нав маҳдуд нашуда, ҳамзамон таъмиру навсозии роҳҳо, беҳтар намудани инфрасохтори деҳот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву фаъолияти аҳолӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
Иҷрои саривақтии корҳои нақшавӣ, истифодаи босифати маблағҳо ва масолеҳи сохтмонӣ, инчунин саҳми соҳибкорону сокинон дар ин раванд метавонад ба рушди минбаъдаи ноҳияи Темурмалик ва боз ҳам ободу зебо гардидани он заминаи мусоид фароҳам оварад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






