35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент 40 бинои баландошёна ба истифода дода мешавад

Август 5, 2026 11:19

ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Панҷакент 1024 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин сохтмони беш аз 40 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ идома дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ аз ҷониби ширкатҳои бинокории «Зарафшонсоз», «Дилшодсохтмон», «Меҳру муҳаббат» ва дигар ширкатҳо сохта мешаванд. Зимни бунёди ин иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ, тарҳу шакл ва оро додани намою саҳни биноҳои истиқоматӣ, инчунин муҳайё намудани зерсохтори дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани биноҳо диққат дода мешавад.

Дар шаҳри Панҷакент 1024 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст. Ин шумора назар ба нақшаи пешбинишуда 38 адад бештар буда, ҳоло бунёди боз даҳҳо иншооти таъйиноти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ идома дорад.

Дар маркази шаҳри Панҷакент қаҳвахонаи нав бо номи «Ҷавонӣ» дари худро ба рӯи мизоҷон боз намудааст. Қаҳвахона аз ҷониби соҳибкор Фариза Яъқубова ташкил шуда, аз ду толор ва 120 ҷои нишаст иборат мебошад.

Ба мизоҷон таъомҳои миллӣ, аврупоӣ ва туркӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар рӯзи ифтитоҳи қаҳвахона барои як гурӯҳ собиқадорон ва кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд дастархони идона ороста, ба кӯдакон ҷузвдон бо ашёи хониш туҳфа карда шуд.

Ҳамзамон дар қисмати ғарбии шаҳр майдон ва гулгашти Абулқосим Фирдавсӣ сохта мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки он бо тарҳи ҷолиб, ки шаҳомати муаллифи «Шоҳнома»-и безавол ва қаҳрамонҳои онро ифода мекунад, бунёд шуда, ба мавзеи истироҳат ва тарбияи насли ҷавон табдил хоҳад ёфт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Август 5, 2026 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд