35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст

Август 5, 2026 14:34

ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ ба ҳолати 1 июли соли 2026 6559 иншоот сохтаю навсозӣ гардидааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба андешаи Бахтиёр Шарифӣ, дар доираи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Душанбе бунёди 57 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ бо муҷаҳҳазгардонии 513 таҷҳизоти замонавӣ, 27 муассисаи тандурустӣ, 98 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 65 километр роҳ, 51 бинои маъмурӣ, 356 иншооти баландошёна бо 243 маркази хизматрасонӣ, 10 иншооти варзишӣ, 6 меҳмонхона, рангубори 983 бино, таъмиру навсозии 303 нуқтаи партовпартоӣ ва иншооти дигар бо таъсиси 11 ҳазор ҷойи нави кор амалӣ карда шуд, ки дар натиҷа иҷрои нақша ба 1,5 маротиба баробар гардид.

Бояд иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистон рӯз ба рӯз ободу зебо ва макони писандидаи сайёҳону ҷаҳонгардон мегардад.

Аз ҷумлаи ифтихороти мо дар замони соҳибистиқлолии Ватани муқаддасамон муҷассама ва маҷмааи ёдгории асосгузори давлати мутамаркази тоҷикон — Исмоили Сомонӣ, муҷассамаи поягузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар маркази Боғи «Устод Рӯдакӣ», муҷассамаи боҳашамати Абулқосим Фирдавсӣ дар Боғи «Фирдавсӣ», муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Алишер Навоӣ, пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун тантанаи адолати таърихӣ ва рамзи таҳкими ваҳдати милливу эҳёи Тоҷикистон маҳз дар мавзеъҳои зебоманзари шаҳри Душанбе қомат афрохтаанд.

Ҳамчунин қомат афрохтани Қасри миллат, Нишони давлатӣ, парафшон шудани Парчами миллӣ, бунёду навсозии боғҳои ба номи Куруши Кабир, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Алишер Навоӣ, Умари Хайём, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, кӯли «Ҷавонон», маҷмааи Наврӯзгоҳ аз ҷумлаи ободкориҳое мебошанд, ки бозгӯи санъати баланди шаҳрсозии мардуми мо ба ҳисоб мераванд.

Ин ҳама пешравиҳои рӯзафзун ва рушду тараққиёт маҳз ба туфайли Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳи саросарӣ, амнияту субот ҳамчун пойдевор ва маншаи ҳама пешрафту комёбиҳои назаррас дар соҳаҳои мухталифи шаҳрдорӣ рӯйи кор омада, умеди мардумро ба ояндаи дурахшони давлати соҳибистиқлоламон беш аз пеш афзун менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 5, 2026 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд