35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 03.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Бинои нави шуъба бо назардошти талаботи муосир сохта шуда, дар он барои фаъолияти самараноки кормандон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои дастгириву ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумат ва фароҳам овардани шароити арзандаи хизмат изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ бо садоқат ба халқу Ватан хизмати софдилона анҷом медиҳанд.
Таъкид гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон нақши муҳим доранд.
Бояд гуфт, ки дар солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд биноҳои нави мақомоти корҳои дохилӣ бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд. Ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти хизматӣ ва иҷрои босамари вазифаҳои хизматӣ мусоидат мекунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд






