35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ҳисор қариб се километр роҳ мумфарш карда шуд
ДУШАНБЕ, 11.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор қариб се километр роҳи маҳаллӣ мумфарш гардид. Бо ин амал ҳолати роҳи байни деҳаҳои Алмосӣ, Сангчашма, Бобосурхон ва Наврӯзӣ ба таври назаррас беҳтар карда шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки амалӣ шудани ин иқдом барои сокинон ҳаракати осону бехатарро фароҳам оварда, дастрасиро ба маркази ҷамоат ва муассисаҳои иҷтимоию хизматрасонӣ осон намуд.
Корҳои созандагӣ бо дастгирии соҳибкорон ва саҳми сокинони маҳал иҷро гардиданд. Ин иқдом намунаи равшани ҳамбастагӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузории аҳолӣ дар ободии маҳалли зист мебошад.
Зимни шиносоии роҳбарияти шаҳри Ҳисор бо корҳои анҷомдода гуфта шуд, ки ободии маҳал ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони деҳот аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ буда, идомаи чунин ташаббусҳо метавонад барои рушди инфрасохтор дар ҷамоат заминаи мусоид фароҳам оварад.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Алмосӣ изҳор доштанд, ки мумфарш гардидани роҳи байни деҳаҳо барои онҳо аҳамияти калон дошта, натиҷаи дастгирӣ ва ҳамкории мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва аҳолӣ мебошад.
Баргузории корҳои созандагиву ободонӣ дар Ҷамоати деҳоти Алмосӣ бозгӯи он аст, ки бо муттаҳидии мардум, дастгирии соҳибкорон ва таваҷҷуҳи пайваста ба рушди инфрасохтор метавон симои маҳалро боз ҳам ободу зебо ва шароити зиндагии сокинонро беҳтар намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






