35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ТУРСУНЗОДА, 31.08.2026 /АМИТ«Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бунёду барқарорсозии 459 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз нақшаи пешбинишуда барзиёд иҷро гардид. Аз ин шумора 31 иншооти варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки ба рушди соҳаи варзиши шаҳр мусоидат мекунад. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ дар ҳудуди деҳаҳои шаҳри Турсунзода толорҳои варзишӣ ва майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, толори варзишӣ дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, майдончаҳои варзиш дар ҷамоатҳои деҳоти Сешанбе, Регар, Навобод ва 10-солагии Истиқлолият бунёд карда шуда, ҳоло мавриди истифодаи сокинон қарор доранд.
Тибқи иттилои мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода Ҳабибулло Абдуллозода, дар айни замон дар ҳудуди шаҳр 213 иншооти варзишӣ, аз қабили майдончаю толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, маҷмааи варзишӣ ва варзишгоҳи марказӣ – «Талко-Арена» фаъолият доранд, ки ҳамарӯза наврасону ҷавонон дар онҳо ба бозиҳои варзишӣ машғул мешаванд.
Имрӯзҳо дар ин майдончаҳои варзишии замонавии деҳотӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мусобиқаи футбол байни ҷавонони деҳаву маҳаллаҳои шаҳри Турсунзода баргузор гардида истодааст. Мусобиқа дар арафаи ин ҷашни таърихӣ ҷамъбаст гардида, беҳтарин футболбозони деҳаҳо муаррифӣ ва сазовори туҳфҳои арзанда мегарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






