35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 30.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ кинотеатри «Ватан» пурра навсозӣ ва бо техникаи муосир муҷаҳҳаз гардонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки нахустин маротиба дар Тоҷикистон толори кино бо таҷҳизоти муосир ва технологияҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба истифода омода гардид. Ин толор барои баргузории нахустнамоиши филмҳои миллӣ ва байналмилалӣ, фестивалҳо, форумҳо ва рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ имконияти нав фароҳам меорад.
Филмҳо дар экрани касбии калон бо андозаи 10,3 ба 5,7 метр намоиш дода мешаванд. Барои роҳати тамошобинон 250 курсии нави кинотеатри модели Xinxi-1 насб карда шудааст. Барои шахсони маъюб низ ҷойҳои махсус пешбинӣ шудаанд.
Толори нав бо дастгоҳи лазерии рақамии намоиши филм ва сервери муосир муҷаҳҳаз гардида, барои таъмини садои босифат ва фарогир низоми касбии садобарорӣ- 23 баландгӯяк насб карда шудааст.
Инчунин толор бо интернети баландсуръат, шабакаи дохилии рақамӣ, низоми муосири назорати видеои IP, таҷҳизоти нави чиптафурӯшӣ, низоми эҳтиётии барқ, равшанидиҳӣ ва саҳнаву парда пурра навсозӣ карда шудааст.
Ба истифода додани толори нави кинои «Ватан» қадами муҳим дар рушди инфрасохтори кинематографии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои муаррифии синамои миллӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалии кино дар сатҳи баланд заминаи муносиб фароҳам месозад.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд






