35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 12.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябр бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ, рушди устувор ва ояндаи миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор мегардад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад, дар конференсия мавзуъҳои нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлол, сулҳу ваҳдати миллӣ ва давлатсозии навини тоҷикон, дастовардҳо ва дурнамои рушди давлатдорӣ, рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар даврони истиқлол, рақамикунонӣ, инноватсия ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир, таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва ғайра баррасӣ карда мешаванд.
Дар доираи конференсия Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон-абармарди таърихсоз» ҷамъбаст мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






