35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Роҳи деҳаи Хоҷамусои Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор мумфарш карда шуд
ҲИСОР, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) роҳи деҳаи Хоҷамусои Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор мумфарш карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.
Роҳи деҳаи Хоҷамусо 1,5 километр буда, ду деҳаро бо ҳам мепайвандад. Мумфарш гардидани роҳ ба беҳтар намудани рафтуомади сокинон, осон гардидани ҳаракати нақлиёт ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии сокинон мусоидат мекунад.
Корҳои ободонию мумфаршкунӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод идома дошта, сокинони ҷамоат ин ҷашни таърихиро дар сатҳи баланд истиқбол менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Ҳисор бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолону сокинон ва соҳибкорон 98,3 км роҳҳо мумфарш, 141,1 км роҳҳо бетонпӯш ва 290,3 км роҳҳо сангфарш карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад






