35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 9 сентябри соли 2026, соати 07:00 (бо вақти Душанбе) 8 сентябр, соати 22:00 (бо вақти Ню Йорк) шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар доданд.
Шаршараи боҳашамати Ниагара дар шимолу шарқи қитъаи Амрико, дар байни Иёлоти Муттаҳида ва Канада ҷойгир мебошад. Ҳар сония аз шаршараи Ниагара 3,160 тонна об ҷорӣ мешавад. Чор кӯли Супериор, Мичиган, Ҳурон ва Эри ба кӯли Онтарио партофт шуда, ба дарёи Ниагара равон мешаванд. Ин панҷ кӯли бузург тақрибан аз панҷ як ҳиссаи таъминоти оби тозаи ҷаҳонро ташкил медиҳанд.
Чорабинии мазкурро шарорапошии бошукуҳ (салют) ҷолибтар мегардонад.
Чорабинӣ ба таври мустақим дар сомонаи зерин пахш мегардад:
https://www.earthcam.com/canada/niagarafalls/…
ва/ë
https://www.earthcam.com/…/niagarafalls/thefalls/…
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико








Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд






