35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН — ЗАМИНА БАРОИ ИМКОНОТИ НАВ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид

Август 10, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сию панҷ соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи муҳим ва пурифтихори таърихи навини мамлакат мебошад. Ин давраи созанда рамзи эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими ҳувияти фарҳангӣ ва муайян намудани роҳи мустақили рушди давлат гардид. Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшида, дар самтҳои маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи меросу арзишҳои миллӣ ва ҳамкории байналмилалӣ қадамҳои муҳим гузошт.

— Маҳз ҳамин сиёсати дурбинона шароит фароҳам овард, ки занони Тоҷикистон тавонанд неруи зеҳнӣ, касбӣ ва эҷодиро дар соҳаҳои гуногун, аз маорифу илм то фарҳанг, сиёсат ва ҳамкории байналмилалӣ пурра татбиқ намоянд.

Сулҳи тоҷикон — намуна ба ҷаҳониён

27 июни соли 1997 сулҳи тоҷикон, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, имрӯз ҳамчун намунаи олии ҳалли мусолиматомези ихтилофҳои мураккаб дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст.

Маҳз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон замина фароҳам овард, ки ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид тавассути қатъномаҳо, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» бо пуштибонии густурдаи ҷомеаи ҷаҳон қабул гарданд. Ин бори дигар бозгӯи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати созанда ва сулҳофарини Тоҷикистон мебошад.

Ҳадафи ин ташаббус таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ, пешгирии низоъҳо ва густариши фарҳанги муколама ва ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо мебошад, ки дар замони тазодҳои мавҷудаи глобалӣ ва сиёсатҳои духӯра пешниҳоди саривақтӣ буда, иштироки ҳар шаҳрванди кураи заминро тақозо дорад.

Аз ин рӯ, нақши занон ҳам аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам низоми хизмати давлатӣ ниҳоят муҳим буда, онҳо ҳамчун неруи фаъоли тарғибгари сулҳ, фарҳанги муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ дар татбиқи ин ташаббусҳо ва таҳкими фарҳанги сулҳу ваҳдат саҳми арзанда доранд.

Дар паси ҳар дастоварди бузурги давлат инсон меистад. Ва яке аз муҳимтарин қиссаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол ин қиссаи Зан-Модари тоҷик аст.

Зан-Модар — нигаҳдорандаи мерос ва арзишҳои маънавӣ

Таърихи миллат ба ҷуз аз ёдгориҳои таърихӣ, китобҳо ва санадҳо ҳамзамон дар забон, анъанаҳо, ҳунар, дониш ва арзишҳое мебошад, ки аз насл ба насл интиқол меёбанд.

Барои миллати тоҷик зан давоми асрҳо яке аз муҳимтарин нигаҳдорандагони ин мероси зинда буд ва то ба имрӯз боқӣ мондааст. Ӯ забони модарӣ, фарҳанги хонаводагӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва арзишҳои маънавиро ҳифз намуда, онҳоро ба наслҳои оянда мерасонад.

Зан ҳамчун қишри муҳими ҷомеа нақши беназир дорад. Ӯ на танҳо тарбиятгари насли наврас, балки сипари боэътимоди ҳувияти миллӣ, муаррифи фарҳанги аҷдодӣ ва нигаҳдорандаи арзишҳои маънавии ҷомеа мебошад.

Маҳз тавассути меҳру муҳаббат, тарбия ва ҷаҳонбинии модар арзишҳои миллӣ аз як насл ба насли дигар мегузаранд. Ӯ фарзандонро ба донишомӯзӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми фарҳанг ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳидоят менамояд.

Имрӯз, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, нақши зан мазмуни нав гирифт. Зани тоҷик на танҳо ҳифзкунандаи гузашта, балки созандаи фаъоли ояндаи пурифтихор мебошад.

Вақте мерос ба садои ҷаҳонӣ табдил меёбад

Мерос танҳо дар ёдгориҳои таърихӣ, осори меъморӣ ё саҳифаҳои дастхатҳо маҳдуд намешавад. Мерос нафаси зиндаи миллат аст, ки тавассути инсонҳо, донишҳо, анъанаҳо ва арзишҳои маънавӣ аз насл ба насл мегузарад.

Занони Тоҷикистон дар ҳифзи ҳамин мероси зинда нақши беназир доранд. Онҳо давоми асрҳо ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги хонаводагӣ, анъанаҳои миллӣ ва донишҳои аз насл ба насл гузаштаро нигоҳ доштаанд.

Имрӯз зани тоҷик на танҳо нигаҳдорандаи фарҳанг, балки иштирокчии фаъоли муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Аз мероси миллӣ то эътирофи ҷаҳонӣ

Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) яке аз самтҳои муҳими муаррифии фарҳанги бойи тоҷикон ва таҳкими муколамаи фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Мероси фарҳангӣ барои Тоҷикистон танҳо ёдгории гузашта нест. Он пайванди зиндаи байни наслҳо, сарчашмаи худшиносии миллӣ ва саҳми арзандаи кишвар дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.

Дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба эҳёи Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази наврӯзшиносӣ дар шаҳри Душанбе намунаи олии арҷгузорӣ, ҳифз ва тарғиби анъанаҳои ҳазорсолаи миллати ориётабор боиси ифтихор, дастгирӣ ва чароғи умеди тоҷикони олам аст.

Зани тоҷик дар муколамаи ҷаҳонӣ

Дар асри XXI нақши зан дар ҷомеа мазмуни нав пайдо кард. Имрӯз занон дар рушди илм, маориф, фарҳанг, дипломатия ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ саҳми фаъол мегузоранд.

Занони тоҷик бо дониш, меҳнат ва фаъолияти созанда дар пешрафти кишвар ва муаррифии симои он дар арсаи байналмилалӣ саҳм мегузоранд.

Онҳо дар муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои байналмилалӣ ва барномаҳои рушди устувор фаъолият намуда, арзишҳои миллиро бо ҷаҳон пайванд медиҳанд.

Муаррифии фарҳанг танҳо тавассути сухан набуда, он тавассути шахсиятҳо амалӣ мегардад — тавассути заноне, ки бо дониш, истеъдод ва садоқат симои воқеии миллатро дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳанд.

Соли 2010 бо дастгирии дипломатбонуи тоҷик, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ, ки он вақт ба ҳайси муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон сарпарастии Шуъбаи комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО ифои вазифа менамуданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи соли 2003 оид ба Мероси фарҳанги ғайримодии ЮНЕСКО гардид. Аввалин рӯйхати унсурҳои фарҳанги ғайримодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ба Созмон пешниҳод гардид. Ин Конвенсия ворид намудани намунаҳои нодири унсурҳои мероси ғании кишварамонро ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО имкон дод. То имрӯз 13 унсури ғании фарҳанги ғайримоддии миллати тоҷик сабти ном гашта, ҳамчун намунаҳои нодири унусурҳои башарият шинохта шудаанд.

Наврӯз, мусиқии классикии Шашмақом, Фалак, санъати атласу адрасбофӣ ва дигар намунаҳои ҳунари мардумӣ нишон медиҳанд, ки фарҳанги миллӣ метавонад аз ҳудуди як кишвар гузашта, ба қисми муҳими мероси умумии башарият табдил ёбад. Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ арзишҳои умумиинсониро таҷассум менамояд. Ин ҷашни қадимӣ имрӯз ҳамчун пули фарҳангӣ миёни халқҳо хизмат мекунад.

Фалак ва Шашмақом ҳамчун ганҷинаи бузурги мусиқии классикии тоҷик пайванди амиқи шеър, оҳанг ва тафаккури маънавиро таҷассум мекунанд. Ин санъати нодир тавассути устодон ва шогирдон аз насл ба насл гузашта, то имрӯз зинда мондааст.

Атласу адрас ва зардӯзӣ ҳамчун намунаи ҳунари волои мардумӣ завқи зебоипарастӣ, маҳорати дастӣ ва донишҳои суннатии халқи тоҷикро таҷассум менамоянд. Ин танҳо матоъ нест, балки як қисмати хотираи фарҳангии миллат аст.

Ин унсурҳо на танҳо бозгӯи таърихи куҳан ва фарҳанги ғании тоҷикон мебошанд, балки ҳамчун василаи таҳкими ҳувияти миллӣ, рушди дипломатияи фарҳангӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хизмат мекунанд. Дар ҳифз, омӯзиш ва интиқоли ин мероси гаронбаҳо нақши занони ҳунарманд ва нигаҳдорандагони анъанаҳои тоҷик махсусан назаррас мебошад.

Нақши зан дар рушди устувор: об, пиряхҳо ва ояндаи сайёра

Дар ҷаҳони муосир масъалаҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини инсоният мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати кӯҳсор ва дорои захираҳои муҳими обӣ дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳои муҳимро барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об ва пиряхҳо беш аз се даҳсола боз пеш мебарад.

Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ нишон медиҳанд, ки масъулияти инсон дар назди табиат қисми муҳими рушди устувор мебошад.

Дар татбиқи ин барномаҳо занони тоҷик, олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва мутахассисон низ саҳми арзанда мегузоранд.

Ин нишондиҳаи он аст, ки зан имрӯз танҳо ҳифзкунандаи мероси фарҳангӣ набуда, ҳамзамон иштирокчии фаъоли ҳифзи мероси табиӣ ва бунёди ояндаи устувор мебошад.

Истиқлол — сарчашмаи ҳама дастовардҳо

Бармеояд, ки 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо санаи таърихӣ набуда, роҳи бузурги ташаккули давлатдорӣ, эҳёи худшиносии миллӣ ва фароҳам овардани имконияти нав барои рушди инсон мебошад.

Ҳама дастовардҳое, ки имрӯз мо мебинем, аз рушди маориф ва илм, баланд гардидани нақши занон дар ҷомеа, ҳифзи мероси миллӣ, эътирофи фарҳанги Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ то иштироки фаъолонаи давлат дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имконпазир гардиданд.

Истиқлоли давлатӣ ба миллат имконият дод, ки роҳи рушди худро мустақилона муайян намояд, арзишҳои худро ҳифз кунад ва бо ҷаҳони муосир ҳамчун шарики баробарҳуқуқ ҳамкорӣ намояд.

Дар ин роҳи таърихӣ сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҷомеа ва баланд бардоштани мақоми занон нақши муҳим бозид. Имрӯз зани тоҷик рамзи пайванди замонҳо мебошад.

Ӯ мероси гузаштагонро ҳифз мекунад ва ҳамзамон роҳи ояндаро месозад. Зан дар оила арзишҳоро тарбия мекунад, дар ҷомеа нақш меофарад, дар илм ва фарҳанг саҳм мегузорад ва симои кишвари худро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

Садои ӯ садои хотираи таърихӣ, фарҳанг, меҳр ва созандагӣ мебошад.

Вақте ки мерос бо садои занона сухан мегӯяд, ҷаҳон қиссаи Тоҷикистонро мешунавад, қиссаи миллатеро, ки гузаштаашро бо ифтихор ҳифз мекунад, ба зан-модар такъя мекунад ва ояндаашро бо боварӣ месозад.

Шаҳло АБДУРАҲИМЗОДА,
мушовири Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО

Август 10, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд
Дар ноҳияи Кӯшониён 21 Маркази рушди инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба тарзи тайёр намудани зардолуи хушк барои фасли зимистон
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба рушд ва таҳкими мониторинги обуҳавошиносӣ ва ҳифзи пиряхҳо конфронси байналмилалӣ доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба пӯпаки ҷуворимакка ва фоидаи он
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?