35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Бахшида ба он дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия чорабинии фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия бо иштироки тоҷикони муқими ин шаҳр чорабинии фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Иброз гардид, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо ҳифзи ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими ватандӯстию худшиносӣ барои ҳар фарди ҷомеа аҳамияти махсус касб мекунад. Маҳз донишандӯзӣ, омӯзиши таърих ва арҷгузорӣ ба мероси пурғановати миллӣ заминаи устувори рушди ҷомеаи муосир ва тарбияи насли худогоҳу масъулиятшинос ба ҳисоб меравад.
Зимни ҳамоиш иштирокчиён аз дастовардҳои назарраси Тоҷикистони соҳибистиқлол, пешрафту ободкориҳои солҳои охир ва нақши истиқлоли давлатӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки имрӯз тоҷикони бурунмарзӣ ҳамчун пайвандгари фарҳангу тамаддуни миллӣ дар муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон ва таҳкими дӯстии байни халқҳо саҳми арзанда мегузоранд.
Гуфта шуд, ки ҳамватанони муқими шаҳри Толяти бо рамзи эҳтиром ба суннатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ дар баробари фаъолияти меҳнатӣ дар корҳои ободонӣ ва ташаббусҳои созанда дар Тоҷикистон низ иштироки фаъолона доранд.
Маҳз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ боис гардидааст, ки онҳо дар кишвари иқомат низ ҷойгоҳи муносиб касб намуда, дар таҳкими робитаҳои дӯстона байни мардумон саҳм мегузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»












Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд






