35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ лоиҳаҳои азими меъморӣ татбиқ гардида, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ теъдоди биноҳои зебою пурҳашамати замонавӣ афзуда, роҳҳои асосӣ ва дохилии пойтахт таъмиру навсозӣ гардидаанд.
Имрӯзҳо дар доираи нақшаҳои бузургу созандаи Ҳукумати мамлакат ба хотири рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар қатори дигар лоиҳаҳои муҳим бунёди роҳҳо ва таъмиру тармими онҳо, алалхусус дар пойтахти мамлакат бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ босуръат вусъат мегирад.
Танҳо давоми 9 соли охир дар пойтахт беш аз 252 километр роҳҳои нақлиётӣ навсозӣ карда шудаанд, ки 60 километри он ба соли 2025 рост меояд.
Дар ин давра бо мақсади мутобиқ намудани иншооти соҳа ба меъёрҳои байналмилалӣ 4 пули автомобилгарду қаторагард, ду роҳи сесатҳа, ду роҳи дусатҳа ва 219 истгоҳи наву замонавӣ таъмир, таҷдид ва навсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони роҳ ва кӯпрукҳо»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022 тасдиқ шудааст, сохтмон ва навсозии якчанд роҳҳои пойтахт ба анҷом расидааст.
Сохтмони роҳҳои замонавӣ дар соли 2026
Тибқи нақшаи тасдиқшуда, давоми соли 2026 навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров (аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ) ба масофаи 5,2 км, сохтмони роҳи автомобилгард (аз кӯчаи Раҳмон Набиев то зеристгоҳи барқии «Заводӣ») ба масофаи 0,6 км ва таъмири асосии кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур (аз кӯчаи Дӯстии халқҳо то кӯчаи Шероз) ба масофаи 1,6 км анҷом ёфта, ба истифода дода мешаванд.
Инчунин дар 5 иншооти роҳсозӣ ба масофаи 14 км, 2 иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 7 гузаргоҳи болоизаминӣ барои пиёдагардон ва 6 истгоҳи нақлиётии замонавӣ корҳои лоиҳавӣ идома доранд.
Ҳамзамон соли 2026 навсозии хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (аз ҳалқаи кӯчаи Карамов то гардиши маҳаллаи Чорбоғ) ба масофаи 5,1 км, навсозии кӯчаи Шевченко (аз кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ) ба масофаи 0,85 км, навсозии хиёбони Рӯдакӣ (аз пули канали дериватсионӣ то пайвастшавӣ ба хиёбони Ҳофизи Шерозӣ) ба масофаи 0,6 км, сохтмони роҳи автомобилгард (аз кӯчаи С.Айнӣ то кӯчаи Моёншо Назаршоев) ба масофаи 0,5 км ва сохтмони роҳи автомобилгард аз дарвозаи Ғарбии шаҳри Душанбе то маҳаллаи Чортут (аз маҳаллаи Чортут то шоҳроҳи Айнӣ) – марҳилаи 1 ба масофаи 5,0 км амалӣ гардид.
Дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани роҳҳои автомобилгарди пойтахт аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони роҳ ва кӯпрукҳо»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе дар давраи солҳои 2022-2025 ва 6 моҳи соли 2026 чанд иншоот ва роҳҳо сохтаю баъд аз татбиқи лоиҳаҳо мавриди истифода қарор дода шуда, ба фондҳои асосӣ супорида шуданд.
Сохтмони роҳҳо дар соли 2022
Соли 2022 сохтмони роҳи автомобилгард (аз хиёбони Нусратулло Махсум то канали калони Ҳисор бо сохтмони пул дар болои канал)» ба масофаи 0,92 км, сохтмони роҳи автомобилгарди кӯчаи Маяковский аз хиёбони Нусратулло Махсум пайваст ба кӯчаи Карамов дар шаҳраки 91» ба масофаи 0,65 км ба анҷом расид.
Сохтмони роҳҳо дар соли 2023
Давоми ин сол сохтмони роҳи автомобилгард аз кӯчаи Садриддин Айнӣ то кӯчаи Моёншо Назаршоев ба масофаи 0,5 км, навсозии хиёбони Рӯдакӣ (аз канали дериватсионӣ то пайвастшавӣ ба хиёбони Ҳофизи Шерозӣ) ба масофаи 0,58 км, навсозии хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (аз ҳалқаи кӯчаи Карамов то гардиш ба маҳаллаи Чорбоғ) ба масофаи 5,1 км, навсозии канали Алочабофон (аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то кӯчаи С.Есенин) ва сохтмони селпарто аз зери пули кӯчаи Аҳмади Дониш пайваст ба канали Ҳазора» ба масофаи 0,9 км анҷом дода шуд. Инчунин соли 2023 дар кӯчаи Алишери Навоӣ 15 истгоҳи нақлиёти мусофирбари замонавӣ сохта шуд.
Роҳсозӣ давоми соли 2024
Соли 2024 навсозии кӯчаи Шевченко (аз кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ)» ба масофаи 0,85 км, навсозии кӯчаи Фирдавсӣ (аз кӯчаи Соҳилӣ то хиёбони Борбад) ба масофаи 2,12 км, корҳои кашидани хатҳои уфуқӣ дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе, сохтмони истгоҳҳои нақлиёти мусофирбари замонавӣ дар хиёбони Ҷаббор Расулов бо шумораи 19 адад, навсозии хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (аз кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров то кӯчаи Раҳмон Набиев)» ба масофаи 2,86 км, сохтмони роҳи автомобилгард (аз дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут), марҳилаи якум аз роҳи автомобилгарди Айнӣ то роҳи автомобилгарди Шарора пайваст ба кӯчаи Раҳмон Набиеви маҳаллаи Чортут ба масофаи 5,0 км, сохтмони обпарто дар кӯчаи Ҳабибулло Назаров ба масофаи 278 метр, навсозии кӯчаи Ҳуснобод (аз кӯчаи Шевченко то назди бинои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-строй-сервис») ба масофаи 0,94 км ва навсозии хиёбони Бобоҷон Ғафуров (аз хиёбони Ҷаббор Расулов то кӯчаи Алишери Навоӣ) ба масофаи 1,76 км анҷом ёфт.
Сохтмон ва навсозии роҳҳо дар соли 2025
Соли 2025 сохтмони роҳи автомобилгард (аз кӯчаи Бухоро пайваст ба кӯчаи Ҳабибибулло Назаров) ба масофаи 0,56 км, навсозии хиёбони Саъдии Шерозӣ (аз ҳалқаи кӯчаи Н.Қарабоев то хиёбони Ҷаббор Расулов) ба масофаи 1,73 км, сохтмони роҳи автомобилгард аз ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнат ба масофаи 0,53 км, сохтмони роҳи автомобилгард аз маҳаллаи Чортут пайваст ба хиёбони Борбад ба масофаи 1,54 км, таъмири асосии кӯчаҳои протоколӣ (аз VIP-зали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» то кӯчаи Карамов) ба масофаи 9,3 км, соҳилмустаҳкамкунии дарёи Душанбе, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ба масофаи 456 метр, навсозӣ намудани хати роҳи оҳан дар кӯчаи Ҳуснобод ба масофаи 480 метр, сохтмони истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ дар хиёбони Бобоҷон Ғафуров бо шумораи 12 адад ва корҳои кашидани хатҳои уфуқӣ дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе» ба анҷом расонида шуданд.
Бояд иброз намуд, ки яке аз ҳадафҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе солҳои охир пурра таъмир ва асфалтпӯш намудани тамоми роҳҳои пойтахт — роҳҳои асосӣ ва дохилии он мебошад. Дар айни замон дар пойтахт корҳои ободонӣ, таъмири ҷории роҳҳо ва васеъ намудани онҳо, чароғонкунии кӯчаҳо, шинонидани гулҳо, бунёди чаманзор ва тоза нигоҳ доштани роҳу ҷӯйборҳо идома доранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
АЗ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ТО ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Марҳилаи нави ислоҳоти давлатӣ
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд






