35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад

Август 31, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо имсол 35-солагии онро таҷлил мекунем, танҳо санаи тақвимӣ ё марҳилаи таърихӣ нест. Ин, пеш аз ҳама, таърихи ташаккули як модели беназири низоми давлатдорӣ, суботи иқтисодӣ ва гузариши куллӣ аз буҳрони сохторӣ ба рушди устувор мебошад. Барои ҷомеаи муосири мо ин сеюним даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад.

— Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумат ва ҷомеа ҳифзи якпорчагӣ ва таъмини амнияти заминавӣ буд, имрӯз мо дар бораи рақамикунонии иқтисод, иқтидори содиротӣ ва рақобатпазирии маҳсулоти миллӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ суҳбат мекунем. Ин ҷаҳиши сифатиро маҳз сиёсати дурандешонаю созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии ҳар сокини мамлакат имконпазир гардонид.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иқтисодиёти Тоҷикистон аз се марҳилаи асосии рушд, аз ҷумла марҳилаи эҳё ва суботи макроиқтисодӣ (1991–2000) — даврае, ки таҳкурсии низоми молиявӣ ва асъори миллӣ гузошта шуда, ислоҳоти аввалини сохторӣ оғоз гардиданд, иборат аст. Ҳамзамон марҳилаи рушди инфрасохторӣ (2001–2015) — давраи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва оғози лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ мебошад. Роҳҳо, нақбҳо ва хатҳои интиқоли барқ минтақаҳои кишварро ба бозори воҳид табдил доданд. Инчунин марҳилаи саноаткунонии босуръат ва рақамикунонӣ (аз соли 2016 то имрӯз) -эълон гардидани саноаткунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ нишон дод, ки мамлакат аз модели аграрӣ ба модели аграриву саноатӣ ва технологӣ гузашта истодааст.

Имрӯз, вақте ки мо ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ менигарем, мебинем, ки Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ дар ин солҳо даҳҳо баробар афзоиш ёфтааст. Аммо муҳимтар аз рақамҳо, дигаргуншавии сохтории иқтисодиёт аст. Саҳми бахши хусусӣ ва корхонаҳои ватанӣ дар ташаккули ММД ва таъсиси ҷойи кори холӣ ба таври назаррас боло рафт.

Ҳеҷ давлат наметавонад бе заминаи устувори истеҳсолӣ ва хизматрасонии муосир устувории стратегиро таъмин кунад. Корхонаҳои мо имрӯз на танҳо андозсупоранда ё таъминкунандаи ҷойи кор, балки марказҳои ворид намудани инноватсия ва фарҳанги нави меҳнатӣ мебошанд.

Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии занҷираҳои таъминоти ҷаҳонӣ дар назди корхонаҳои ватанӣ вазифаҳои наву мураккаб гузошта шудаанд. Аз ҷумла, мо тавонистем вобастагии кишварро аз бисёр намудҳои маҳсулоти ҳаётан муҳим (аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва саноати сабук) коҳиш диҳем, ҳамзамон брендҳои Тоҷикистон тадриҷан бозори минтақавиро фатҳ мекунанд. Сифати маҳсулоти мо ба стандартҳои байналмилалӣ наздик мешавад.

Мушоҳида мешавад, ки чӣ гуна неруи инсонӣ (муҳандисон, технологҳо, коргарон ва менеҷерони ҷавон) тағйир меёбад. Насли нави мутахассисони замони истиқлол дорои тафаккури пешрафта, забондон ва омодаи рақобат бо ҳамкасбони хориҷии худ мебошанд. Ин бузургтарин сармояи 35 соли истиқлол аст.

Таҳлили воқеъбинона тақозо мекунад, ки мо на танҳо аз муваффақият ҳарф занем, балки мушкилоти мавҷударо низ дуруст арзёбӣ кунем. Дар ҷаҳони муосир, ки бо суръати кайҳонӣ тағйир меёбад, истодан дар як ҷо маънои ба қафо рафтанро дорад. Барои устувор мондан дар 35 соли оянда мо бояд ба чанд самти калидӣ, аз ҷумла интегратсияи пурраи рақамӣ гузарем. Гузариши равандҳои истеҳсолӣ ва мудирият ба технологияҳои рақамӣ дигар интихоб нест, балки шарти зинда мондани корхонаҳо аст. Ин маҳсулнокии меҳнатро боло бурда, хароҷоти зиёдатиро кам мекунад.

Ҳамзамон ҷалби мутахассисони касбӣ ба соҳаҳои гуногун зарурат дорад. Зеро технологияҳои муосиртарин ҳам бе кадрҳои баландихтисос ба кор намераванд. Корхонаҳо бояд худашон ба марказҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос табдил ёбанд.

Илова бар ин, гузариш ба технологияҳои «сабз» низ ногузир аст. Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои фаъол дар соҳаи энергетикаи «сабз» аст, имкони беназир дорад, ки маҳсулоти худро бо тамғаи «экологии тоза» ба бозорҳои ҷаҳонӣ барорад. Ин бартарии рақобати мост.

35 соли Истиқлоли давлатӣ исбот кард, ки Тоҷикистон ҳамчун  субъект ва бозигари мустақили сиёсиву иқтисодӣ дар харитаи ҷаҳон устувор гардид. Имрӯз мо дар марҳилае қарор дорем, ки миқдор бояд ба сифат табдил ёбад.

35 соли истиқлол барои мо на танҳо заминаи ифтихор, балки масъулияти навро барои даҳсолаҳои оянда эҷод мекунад. Ҷаҳони муосир ба самти иқтисодиёти рақамӣ ва рушди сабз ҳаракат дорад ва Агентии «Тоҷикстандарт» наметавонад аз ин равандҳо дар канор монад. Зеро  истиқлол ба мо имкони беназири таърихӣ дод, ки худамон меъёрҳо ва сифати зиндагиамонро муайян кунем.

Итминон дорам, ки заҳмати ҳаррӯзаи кормандони мо — аз нозирону метрологҳо то коршиносони озмоишгоҳҳо саҳми арзанда дар рушди устувори Тоҷикистон мегардад. Мо минбаъд низ тамоми неру, дониш ва имконияти техникиро барои дастгирии соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва боло бурдани нуфузи иқтисодии кишварамон дар арсаи байналмилалӣ равона хоҳем кард.

Исломиддин РАҲМОН,
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 31, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст