35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон иқтидори энергетикӣ ба 70 МВт расонида шуд
ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон агар соли 1991 дар маҷмуъ иқтидори энергетикӣ 10,4 МВт-ро ташкил медод, то соли 2025 он ба 70 МВт расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Инчунин дар ин самт якчанд лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми беш аз 700 миллион сомонӣ амалӣ гардид.
Соли 2021 дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 13 неругоҳи барқӣ бо иқтидори 44 МВт фаъолият менамуд. Соли 2026 шумораи неругоҳҳо дар вилоят ба 36 адад расонида шуд.
Дар ноҳияи Мурғоб соли 2025 20 неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 12 МВт ва дар ноҳияи Роштқалъа Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 11 МВт ба истифода дода шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






