35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд
ДУШАНБЕ, 18.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад. Он яке аз соҳаҳои муҳимтарин ва сердаромади комплекси агросаноатӣ мебошад. Рушди корхонаҳои парандапарварӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, пайдоиши ҷойи нави кор ва дастрасии аҳолӣ ба гӯшту тухми арзон ва босифат нақши калидӣ дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба зиёд шуда, аз 21 ба 237 адад расидааст.
–Дар замони соҳибистиқлолӣ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи парандапарварӣ рушд намуд. Рушди соҳа тавассути шароити фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омад. Инчунин дар ин давра корхонаҳои парандапарварӣ аз якчанд намуд пардохти андоз озод гардиданд. Ин имкон фароҳам овард, ки талаботи дохилӣ бо гӯшти парҳезӣ ва тухми паранда қонеъ гардонида ва дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузошта шавад.
Корхонаҳои парандапарварии Тоҷикистон
Агар соли 1991 дар мамлакат 21 корхонаи парандапарварӣ фаъолият мекард, то соли 2025 дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 11 маротиба афзоиш ёфта, ба 237 адад расид.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, то 1 июли соли 2026 дар ҷумҳурӣ 237 корхонаи парандапарварӣ фаъолият менамояд, ки бештари онҳо дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таъсис ёфтаанд.
Саршумори паранда
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 июли соли 2026 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 13,1 миллион сар паранда парвариш меёбад. Саршумори паранда дар Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 2,4 баробар (ё қариб 145 фоиз) афзоиш ёфтааст. Агар соли 1991 саршумори умумии паранда дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 5,3 миллион сарро ташкил медод, имрӯз ин нишондиҳанда дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба беш аз 13,1 миллион сар расидааст.
Истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ
Агар соли 1991 истеҳсоли тухм 540 миллион донаро ташкил медод, имрӯз истеҳсоли он ба 1,4 миллиард дона дар як сол расидааст.
Тибқи таҳлили коршиносон, соли 1991 истеҳсоли гӯшти паранда тақрибан 16 тоннаро ташкил медод. Имрӯз истеҳсоли солонаи он ба 50,8 ҳазор тонна расидааст.
Муҳимтарин вазифаи соҳаи кишоварзӣ таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ ва корхонаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ бо ашёи хом мебошад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои муқаррарнамудаи он соҳаи кишоварзии мамлакат рушд намуда, сол то сол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки «пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини амнияти озуқавории мамлакат мебошад».
Ин аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои соҳаи кишоварзӣ сол то сол бештар мегарданд. Зеро соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт






