494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд

Август 2, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 02.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷамъбасти соли таҳсил ва қадршиносии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо натиҷаҳои баланди таълимӣ муассисаро хатм намудаанд, ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Зимни он иброз гардид, ки имсол 494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Дар ҷамъомад Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ изҳор дошт, ки имрӯз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мутахассисони дорои дониш ва малакаҳои касбӣ омода намуда, дар таъмини бозори меҳнат бо кадрҳои соҳибихтисос саҳми назаррас мегузоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили ҷорӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳуриро 25 ҳазору 891 нафар хатм намуданд. Ҳамзамон 494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм карданд, ки ин нишондиҳанда аз талошу кӯшиши пайвастаи донишҷӯён, заҳмати омӯзгорон ва баланд шудани сатҳи таваҷҷуҳи ҷавонон ба донишомӯзиву касбомӯзӣ шаҳодат медиҳад.

Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки ба даст овардани дипломи аъло масъулияти бузург дар назди ҷомеа ва давлат мебошад. Хатмкунандагони дорои донишу малакаи баланд бояд донишҳои андӯхтаашонро дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ самаранок истифода намуда, барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ саҳми арзанда гузоранд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба як зумра хонандагону донишҷӯён дипломҳои аъло тақдим карда шуданд.

Таъкид шуд, ки имрӯз дар назди ҷавонон имконияти васеъ барои идомаи таҳсил, азхуд намудани касбу ихтисосҳои муосир, рушди малакаҳои касбӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти меҳнатӣ фароҳам оварда шудааст. Дар шароити рушди босуръати илму техника ва технологияҳои нав хатмкунандагон бояд пайваста дониш ва малакаҳои худро такмил дода, ба талаботи тағйирёбандаи бозори меҳнат мутобиқ бошанд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 2, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ