АҲАММИЯТИ ТАШАББУСҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ. Тақриз ба китоби «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти онҳо дар рушди давлати соҳибистиқлол»
ДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти онҳо дар рушди давлати соҳибистиқлол», ки муаллифони он доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Рустам Шарофзода мебошанд, аз ҷумлаи асарҳои муҳими илмӣ—таҳқиқотӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Асари мазкур ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои марбут ба ташаббуси қонунгузорӣ ҳамчун унсури калидии фаъолияти давлатдорӣ ва нақши он дар ташаккул ва рушди низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
— Мавзуи интихобнамудаи муаллифон дар шароити муосири рушди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии ҷомеа аҳамияти махсус касб мекунад. Дар давраи истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаҳои гуногуни ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро аз сар гузаронидааст, масъалаи такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди ҳуқуқэҷодкунӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар ин замина, ташаббусҳои қонунгузории Сарвари давлат ҳамчун омили муҳими пешбарандаи ин раванд арзёбӣ мегарданд.
Муаллифон дар асар кӯшиш намудаанд, ки моҳият, мазмун ва аҳамияти ташаббуси қонунгузориро бо такя ба дастовардҳои илми ҳуқуқшиносӣ ва таҷрибаи амалии давлатдорӣ ба таври амиқ ва асоснок таҳлил намоянд. Дар китоб ташаббуси қонунгузорӣ ҳамчун самти муҳими сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ ва яке аз механизмҳои асосии таъсиррасон ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ин равиш имкон медиҳад, ки хонанда нақши воқеии ин институтро дар низоми идоракунии давлатӣ ба таври возеҳ дарк намояд.
Яке аз хусусияти муҳими асар дар он зоҳир мегардад, ки муаллифон масъалаи ташаббуси қонунгузориро на танҳо дар доираи назариявӣ, балки дар иртиботи зич бо амалияи воқеии қонунэҷодкунӣ баррасӣ намудаанд. Бо истифода аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, маводи таҳлилӣ ва дигар манбаъҳои боэътимод онҳо тавонистаанд робитаи мутақобили байни ташаббусҳои сиёсӣ ва натиҷаҳои амалии онҳо дар рушди низоми қонунгузориро нишон диҳанд.
Таваҷҷуҳи асосии китоб ба нақш ва аҳамияти ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон равона гардидааст. Муаллифон бо овардани далелҳо ва мисолҳои мушаххас нишон медиҳанд, ки чӣ гуна ташаббусҳои қонунгузории Сарвари давлат дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, такмили низоми ҳуқуқӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа нақши калидӣ доранд. Дар ин замина фаъолияти қонунгузории Роҳбари давлат ҳамчун омили муҳими ташаккули сиёсати ҳуқуқии кишвар арзёбӣ мешавад.
Дар асар ба масъалаҳои ислоҳоти конститутсионӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, нақши ташаббусҳои Пешвои миллат дар такмил ва мутобиқсозии Конститутсия ба талаботи замони муосир мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Муаллифон таъкид менамоянд, ки чунин ташаббусҳо ба таҳкими асосҳои ҳуқуқии давлатдорӣ ва рушди институтҳои демократӣ мусоидат намудаанд.
Ҳамзамон дар китоб аҳаммияти пешниҳодҳои қонунгузорӣ, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ манзур мегарданд, ба таври васеъ баррасӣ шудааст. Муаллифон ин паёмҳоро ҳамчун ҳуҷҷатҳои муҳими сиёсӣ ва стратегӣ арзёбӣ намуда, нақши онҳоро дар муайян намудани самтҳои асосии рушди қонунгузорӣ ва сиёсати давлатӣ нишон медиҳанд. Дар ин замина пешниҳодҳои қонунгузорӣ ҳамчун асоси таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баррасӣ мегарданд.
Инчунин дар асар масъалаҳои марбут ба пешниҳоди лоиҳаҳои қонун ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳлил гардида, нақши ташаббускории Пешвои миллат дар ин раванд равшан нишон дода шудааст. Муаллифон иброз менамоянд, ки ташаббуси қонунгузорӣ яке аз воситаҳои муҳимми такмили низоми ҳуқуқӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи ҷомеа мебошад.
Ҷиҳати муҳими дигар он аст, ки дар китоб таҷрибаи ҷаҳонии ташаббуси қонунгузорӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллифон бо таҳлили таҷрибаи кишварҳои гуногун нишон медиҳанд, ки ин институт дар низомҳои гуногуни сиёсӣ чӣ гуна амал мекунад ва чӣ хусусият дорад. Ин таҳлили муқоисавӣ ба баланд гардидани арзиши илмии асар мусоидат намуда, ба хонанда имконият медиҳад, ки масъалаи мазкурро дар заминаи васеътар дарк намояд.
Аз нуқтаи назари илмӣ асар бо истифода аз усулҳои муосири таҳқиқот, аз ҷумла таҳлили муқоисавӣ, таърихӣ ва мантиқӣ таҳия гардидааст. Ин омил ба муаллифон имкон додааст, ки масъалаҳои баррасишавандаро ба таври системавӣ ва асоснок таҳлил намоянд. Ҳамзамон истифодаи манбаъҳои гуногун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба асар эътимоднокӣ ва арзиши баланди илмӣ мебахшад.
Аз лиҳози услуб китоб бо забони илмӣ ва ҳамзамон фаҳмо таълиф гардида, сохтори мантиқии он ба хонанда имкон медиҳад, ки мазмуни пешниҳодшударо ба осонӣ дарк намояд. Пайдарпайии андешаҳо, дақиқии истилоҳот ва асоснокии хулосаҳо аз сатҳи баланди касбии муаллифон шаҳодат медиҳад.
Дар маҷмуъ, китоби «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти онҳо дар рушди давлати соҳибистиқлол» таҳқиқоти мукаммал, асоснок ва арзишманд буда, барои кормандони мақомоти давлатӣ, ҳуқуқшиносон, олимон, омӯзгорон, донишҷӯён ва тамоми афроде, ки ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва рушди давлатдорӣ таваҷҷуҳ доранд, ҳамчун манбаи муҳимми илмӣ ва амалӣ тавсия дода мешавад.
Зоир ҶУМЪА,
мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти давлат ва ҳуқуқи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА НАСЛИ МАН. Ватандӯстӣ аз муносибати инсон ба вазифаи хурди ҳаррӯза сарчашма мегирад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш






