Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» оғоз ёфт

Август 6, 2026 08:58

ДУШАНБЕ, 06.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи якуми қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» оғоз ёфт, ки то охири моҳи феврали соли 2027 идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Барнома барои тамоми зинаҳои таҳсилот — бакалавриат, магистратура, резидентура, ординатураи клиникӣ, аспирантура, докторантура ва таҷрибаомӯзӣ эълон шудааст.

Қабули ҳуҷҷатҳо дар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» анҷом дода мешавад.

Номгӯйи ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

— Нусхаи шиносномаи довталаб ва волидайн

— Маълумотнома дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ (ИЦ ВКД)

— Маълумотномаи тиббии шакли 038 (086)

— Маълумотномаи наркологӣ

— Маълумотнома оид ба ҳолати равонӣ (аз беморхонаи бемориҳои равонӣ)

— Тавсифнома аз ҷойи таҳсил, кор ё мақомоти дахлдор

— Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот (табели баҳо, аттестат ё диплом)

— Расид аз «Амонатбонк» — 120 (яксаду бист) сомонӣ

— Сертификати донистани забони хориҷӣ (IELTS, TOEFL, DUOLINGUO, GOETHE, H&C)

— 1 дона расм, андозаи 3×4 см

Хоҳишмандон барои иштирок метавонанд ба суроғаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ: шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 муроҷиат намоянд ё бо  телефони 223-23-59 занг зананд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 6, 2026 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид