ҲАДАФ — ОБОДИИ ВАТАН. Иқдоми соҳибкори ватандӯст Наврӯз Сабзаев намунаи олии меҳандӯстӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистон аст

Август 3, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 03.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти иҷтимоии соҳибкорони ватанӣ беш аз пеш тақвият ёфтааст. Имрӯз садҳо соҳибкорони муваффақ на танҳо дар рушди фаъолияти иқтисодӣ, балки дар ободонии маҳал, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзишманд мегузоранд. Наврӯз Сабзаев аз ҷумлаи чунин соҳибкорони ватандӯст мебошад, ки бо ташаббусҳои созанда ва иқдомҳои хайрхоҳонааш дар рушди инфрасохтор ва ободонии мамлакат саҳми назаррас дорад.

— Наврӯз Сабзаев фаъолияти соҳибкориро бо эҳсоси баланди масъулият дар назди ҷомеа пеш бурда, ҳамзамон дар татбиқи корҳои созандагӣ фаъолона иштирок менамояд.

Бо маблағгузории Наврӯз Сабзаев дар шаҳри Душанбе маҷмааи замонавии хизматрасонӣ бунёд гардида истодааст. Иншооти мазкур бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба талаботи имрӯз сохта шуда, баъди мавриди истифода қарор гирифтан барои даҳҳо нафар сокинон ҷойи нави кор муҳайё хоҳад кард. Дар баробари ин, маҷмаа ба беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ низ мусоидат мекунад.

Дар баробари корҳои сохтмонӣ дар пойтахт Наврӯз Сабзаев дар ободонии зодгоҳаш – ноҳияи Фархор низ саҳми арзанда мегузорад. Бо дастгирии ӯ корҳои навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ, беҳтар намудани шароити маҳаллаҳо, инчунин мусоидат ба бунёд ва таъмири якчанд иншооти иҷтимоӣ амалӣ гардида, сокинон аз ин иқдоми созанда истиқболи гарм менамоянд.

Маҳз чунин ташаббусҳо симои маҳаллаҳоро дигаргун сохта, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум, рушди инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Сокинони ноҳияи Фархор иқдомҳои соҳибкори ватандӯст Наврӯз Сабзаевро намунаи олии меҳандӯстӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Ватан арзёбӣ мекунанд.

Ҳамаи ин созандагию ободонӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, бозгӯи он мебошанд, ки соҳибкорони ватанӣ сиёсати созандаи давлатро дастгирӣ намуда, дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.

Бешак, иқдомҳои созандаи Наврӯз Сабзаев намунаи ибрат барои дигар соҳибкорон буда, нишон медиҳанд, ки рушди соҳибкорӣ дар баробари манфиати иқтисодӣ бояд ба ободии Ватан, беҳтар шудани шароити зиндагии мардум ва пешрафти ҷомеа низ хизмат намояд. Маҳз бо чунин ташаббусҳои ватандӯстона Тоҷикистон рӯз то рӯз ободу пешрафта гардида, ба истиқболи ҷашнҳои бузурги миллӣ бо дастовардҳои назаррас қадам мегузорад.

Август 3, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд