«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
ДУШАНБЕ, 01.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 1-2 августи соли 2026 дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳии ЭКО-2026 баргузор мешавад.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди сайёҳии экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар ин ниммарафони экологии кӯҳӣ варзишгарон, сайёҳон ва блогерон иштирок менамоянд.
Яке аз ҳадафҳои асосии ниммарафон баланд бардоштани маърифати экологӣ, оммавӣ гардонидани дави варзишӣ, рушди сайёҳии варзишӣ, муттаҳидсозии ҷавонон тавассути варзиш, омода намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Бояд гуфт, ки «Ҳафткӯл» яке аз зеботарин мавзеъҳои шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки бо ҳафт кӯли рангорангаш сайёҳонро ҳайрон мекунад. Водии «Ҳафткӯл» маҷмуи кӯлҳое аст, ки ба ёдгориҳои беназири табиати Тоҷикистон дохил буда, яке аз дигаре болотар ҷойгир шуда, аз ҳамдигар зеботаранд.
«Ҳафткӯл» бо номи кӯлҳои «Марғузорӣ» низ машҳур аст. Сабаби «Марғузор» ном гирифтани мавзеи Ҳафткӯл он аст, ки кӯли аз ҳама калонтарин дар ин ҷо «Марғзор» ном дорад. Кӯлҳои «Марғузорӣ» — «Мижгон», «Соя», «Ҳушёр», «Хурдак», «Нофин», «Марғзор» ва «Ҳазорчашма» силсиламонанд буда, тавассути водии фарохи дарёи Шинг ҷорӣ мешаванд.
Дар атрофи кӯлҳои водии «Ҳафткӯл» барои сайёҳон бошишгоҳҳо бунёд карда шудаанд, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамоянд. То ба ин мавзеъ роҳи мошингард бунёд карда шудааст. Дар бисёр маврид сайёҳон бо нақлиёти сабукрав то «Ҳафткӯл» омада, аз ҳамин ҷо имкон доранд ба дигар хатсайрҳои сайёҳӣ, аз ҷумла тавассути ағбаи Товасанг ба «Кӯли калон», «Искандаркӯл» ва дигар самтҳо сафар намоянд. Ба «Ҳафткӯл» аз самти шимол 4 дарёчаи шӯх ҷорӣ мешавад, ки ҳар яке то 10 километр дарозӣ дорад.
Тибқи иттилои сарчашмаҳо, дар мавзеи «Ҳафткӯл» беш аз 60 намуди растаниҳои шифобахш, дарахтону буттаҳо, аз ҷумла, арча, санавбар, сафедор, ангат, настаран, зирк, буттаҳои паҳншуда, растаниҳои марғзорӣ, даштӣ ва нимбиёбонӣ ва дигар гулу растаниҳо мерӯянд. Инчунин дар ин мавзеъ 20 намуд ҳайвонот ва парандагони гуногуни мавсимӣ сукунат дошта, аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент вобаста ба фаслҳои сол корҳои биотехникӣ барои ҳифзи олами набототу ҳайвоноти ин макон гузаронида мешаванд.
Бо мақсади тарғиби ҳифзи «Ҳафткӯл» аз ифлосшавӣ дар атрофи ҳар кӯл шиору овезаҳо бо навиштаҷоти «Табиатро ҳифз намоед!» ва «Ба кӯл партов напартоед!» насб гардида, ҳамзамон дар ин мавзеъ бо иштироки дӯстдорони табиат ҳашарҳои «Тозагии соҳил» гузаронида мешаванд. Ин мавзеъ зери назорати доимӣ қарор дошта, дар он шикор манъ аст.
Дар маҷмуъ «Ҳафткӯл» бо кӯҳу кӯлу дарёҳояш хеле дилрабо аст. «Ҳафткӯл» бо кӯлҳои зебо ва табиати афсункораш кайҳост мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон ва дӯстдорони табиат аз дохил ва хориҷи мамлакат қарор гирифтааст. Ҳамарӯза даҳҳо нафар сайёҳон аз тамошои манзараҳои афсонавии он лаззат мебаранд ва аз ҳавои тозааш нафас мекашанд.
Солҳои охир рушди сайёҳии экологӣ дар минтақаҳои кӯҳии мамлакат чун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтааст. Гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ дар мавзеъҳои дорои табиати зебо, аз ҷумла ниммарафонҳои кӯҳӣ ба муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Чунин чорабиниҳо барои рушди сайёҳии фаъол замина фароҳам оварда, ба иштирокчиён имконият медиҳанд, ки ҳамзамон бо машғул шудан ба варзиш аз манзараҳои нотакрори кӯҳистони мамлакат баҳра баранд.
Ҳифзи мавзеъҳои нодири табиӣ, аз ҷумла «Ҳафткӯл» вазифаи муштараки мақомоти дахлдор, сокинони маҳаллӣ ва ҳар меҳмони мамлакат мебошад. Риояи талаботи экологӣ, муносибати оқилона нисбат ба захираҳои табиӣ ва ташаккули фарҳанги сайёҳӣ барои нигоҳдории зебоиҳои табиии Тоҷикистон ва интиқоли он ба наслҳои оянда нақши муҳим дорад.
Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд






