Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Август 28, 2026 16:35

ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Авруосиё Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ ва рушди инноватсия ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин санад ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои технологияҳои рақамӣ ва инноватсия равона шуда, барои татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак, ҷалби сармоягузорӣ ва табодули таҷриба заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар доираи Ёддошти тафоҳум ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки рақамикунонӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва инноватсия, ҷалби имконияти нави сармоягузорӣ ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Ҳамкории мазкур барои таҳкими шарикии институтсионалӣ, фароҳам овардани имконоти нави сармоягузорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва экосистемаи инноватсионии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 28, 2026 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид