Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокголм иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳри роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саноӣ Бойзода дар ифтитоҳи Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокголм (World Water Week) иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Саноӣ Бойзода аҳаммияти гузариш аз уҳдадориҳои глобалӣ дар соҳаи об ба татбиқи амалии онҳоро таъкид намуда, зарурати дар меҳвари рӯзномаи байналмилалӣ нигоҳ доштани масъалаҳои об ва таҳкими ҳамкорӣ дар ин самтро муҳим арзёбӣ кард.
Таваҷҷуҳи махсус ба раванди омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2028, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамраиси он мебошад, зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки моҳи майи соли 2026 дар Душанбе баргузор гардид, барои идомаи машваратҳои байналмилалӣ оид ба натиҷаҳои эҳтимолии Конфронси соли 2028 ва шаклгирии мавзуъҳои муколамаҳои интерактивии он заминаи муҳим фароҳам оварда шуд.
Муовини вазир ба иштирокчиён оид ба талошҳои Тоҷикистон ба хотири пешбурди лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2028, инчунин пешниҳоди баррасии Чаҳорчӯбаи оби Душанбе (Dushanbe Water Framework) ҳамчун яке аз натиҷаҳои эҳтимолии конфронс низ маълумот пешкаш намуд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки конфронсҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 бояд ҳамчун раванди ягона ва пайвастаи глобалӣ баррасӣ гардида, ба ноил шудан ба натиҷаҳои мушаххас ва ташаккули рӯзномаи ояндаи ҷаҳонии об мусоидат намоянд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






