Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа оид ба спектри радиобасомадҳо иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 24.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 21 август дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаҳои 30-юми Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа оид ба танзими истифодаи спектри радиобасомадҳо ва мадорҳои моҳвораӣ ва 59-умин Комиссияи Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ баргузор гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин ҷаласаҳо намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг»-и хадамот иштирок намуданд.
Дар ҷаласаҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи алоқа, таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, фаъолияти гурӯҳҳои кории Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ва омодагӣ ба чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ баррасӣ гардид.
Инчунин масъалаҳо оид ба омодасозии пешниҳодҳо ва мавқеъҳои муштараки кишварҳои аъзои Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа барои иштирок дар Ассамблеяи радиобасомадҳо ва Конфронси умумиҷаҳонии радиобасомадҳо дар соли 2027 баррасӣ карда шуданд.
Дар доираи ҷаласаҳо вохӯрии дуҷонибаи ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи алоқа, аз ҷумла лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамоҳангсозии таъйиноти радиобасомадҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ин созишнома, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар самти идоракунии спектри радиобасомадҳо ва таъмини истифодаи самараноки он дар минтақаҳои наздисарҳадӣ муҳим мебошад, бояд ҳарчи зудтар ба имзо расонида шавад.
Иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҷаласаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа, рушди механизмҳои самараноки идоракунии спектри радиобасомадҳо ва ҳифзи манфиатҳои кишвар дар самти истифодаи захираҳои радиобасомадӣ мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд






