Ҷаласаи 21-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 21-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба мукаммалсозии Портали савдои Тоҷикистон, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Расмиёт ва шартҳои татбиқи чораҳои махсуси савдо ва тартиби ташаббус ва гузаронидани таҳқиқот», инчунин таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи кооперативҳо» баррасӣ гардиданд.
Гуфта шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат дар самти содагардонии расмиёти савдо корҳои назаррас иҷро гардидаанд. Вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам дар доираи кумита тадбирҳои амалӣ меандешанд.
Дар идомаи ҷаласа байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ муколамаи озод баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои марбут ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат баррасӣ шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






