Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо роҳбари якчанд ширкати Ҷумҳурии Мардумии Чин Гао Хонгву ва ҳайати ҳамроҳаш дар Душанбе баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот имконоти сармоягузорӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ, робототехника ва технологияҳои муосир баррасӣ гардиданд.
Ҷониби Чин барои омӯзиши имконоти сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






