Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид

Август 15, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 15.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об бо ширкатҳои пешрафтаи соҳавии Ҷумҳурии Мардумии Чин тақвият медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳруии Тоҷикистон.

Дар ин замина дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо президенти ширкати «YEMA GROUP CO., LTD» Чэн Сян ва намояндагони ширкатҳои «Sichuan Hebang Investment Group Co., Ltd», «China Feilhe Limited», «Zhejiang ZHINK Group Co., Ltd» ва «Beijing Century Beking Furniture Co., Ltd»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид.

Вазир ба роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои чинӣ оид ба имконоти васеи сармоягузорӣ дар кишвар, иқтидори энергетикии Тоҷикистон, захираҳои обӣ ва афзалияти соҳаҳои мазкур маълумот пешниҳод намуд.

Таъкид гардид, ки барои рушди устувори соҳаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ ҷалби сармоя ва технологияҳои муосир аҳамияти муҳим дорад.

Дар мулоқот омодагии ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ ва идомаи муколама дар самти ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки энергетика ва захираҳои об баён гардид.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 15, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд