Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ

Август 21, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 21.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи соли нави таҳсил дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон» иқдоми муфид барои ҷавонон ба роҳ монда шуд. Бо пайваст кардани он муштариёни аз 16 то 24-сола ба муддати шаш моҳ аз алоқа бо шартҳои махсусан мусоид, бо нархи 50 сомонӣ дар як моҳ истифода мебаранд. То 31 октябри соли 2026 иштирокчии иқдом шудан мумкин аст ва танҳо муштариёни нави МегаФон Тоҷикистон ба он пайваст шуда метавонанд.

«Донишҷӯ» бастаи хизматрасониҳои барои ҷавонон муносиб мебошад. Он 36 ГБ интернет, зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» ва 500 дақиқа зангҳо ба дигар шабакаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, интернети шабона аз соати 00:00 то 06:59 бе маҳдудияти суръат ва трафик, инчунин онлайн-кинотеатрҳои IVI ва OILA TV-ро дар бар мегирад.

«Барои ҷавонон сарфаи пул ҳангоми интихоби оператори алоқа аксар вақт аҳаммияти муҳим дорад. Ин иқдом ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки ҳамагӣ 50 сомонӣ барои як моҳ пардохт карда, ба дарсҳо тайёр шаванд, бо аҳли хонаводаашон дар тамос бошанд ва бо дӯстон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, бе нигаронӣ аз сарфи ҳаҷми хизматрасониҳои алоқа муошират намоянд»,-шарҳ медиҳад директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.

То 31 октябри соли равон дар дилхоҳ идораи фурӯш ва хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» иштирокчии иқдоми «Донишҷӯ» шудан мумкин аст. Барои тасдиқи синну сол ва имзокунии шартнома бояд бо худ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошед.

Алоқаи муфид барои ҷавонон!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Август 21, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд