Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон тақвият меёбад

Август 4, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 04.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сиёсати байналмилаликунонии таҳсилот ва рушди ҳамкории байналмилалӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоти Ҷопону Чин дар ҳайати раиси Ассотсиатсияи умумимиллии иқтисодӣ ва ҳамкории Ҷопон Чжан Юншэн, президенти Корпоратсияи таълимии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Ҷопону Чин доктор Ҳан Эйҳоу, ректори Коллеҷи сайёҳӣ ва фарҳанги Коясан ва намояндаи хориҷии Ассотсиатсияи роҳбарони муассисаҳои таълими забони ҷопонӣ Ин Ҳунъян мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ меиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории байналмилалӣ, ташкили барномаҳои табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорони ҷонибҳо, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, ташкили даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ва такмили ихтисос, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар самтҳои сайёҳӣ, дипломатия ва забонҳои хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамзамон масъалаҳои таҳияи санадҳои нави ҳамкорӣ байни донишгоҳ ва муассисаҳои таълимии Ҷопону Чин, ташкили чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ ва густариши табодули таҷрибаи илмӣ ва академӣ баррасӣ гардиданд.

Дар анҷом ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд ибрози омодагӣ намуданд. Таъкид гардид, ки татбиқи ташаббусҳои муштарак метавонад барои баланд бардоштани сатҳи байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва рушди робитаҳои илмиву таълимӣ бо муассисаҳои пешрафтаи Ҷопону Чин заминаи мусоид фароҳам оварад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Август 4, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд