Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон оид ба масъалаҳои сиёсӣ Шайх Халифа ибни Алӣ Ал-Ҳорисӣ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Умонро мавриди баррасӣ қарор дода, ба татбиқи тавофуқоте, ки зимни тамосҳои қаблӣ ба даст омада буданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Дар ин замина, пешрафти корҳои анҷомёфта ва роҳҳои амалисозии минбаъдаи онҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Зимни суҳбат табодули афкор атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Умон, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, тақвияти муколамаи байниидоравӣ, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ва таҳкими робитаҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт. Ҷонибҳо аҳамияти идомаи машваратҳои мунтазам байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро ҳамчун омили муҳими таҳкими ҳамкориҳо махсус қайд намуданд.
Дар рафти мулоқот ба қадамҳои амалӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, зарурати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда барои таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ зикр гардид.
Ҳамзамон, аҳамияти густариши мубодилаи ҳайатҳои расмӣ, тақвияти робитаҳои байни муассисаҳои дахлдор ва идомаи татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба рушди ҳамкориҳои судманд мусоидат менамоянд, хосса қайд шуд. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки идомаи муколамаи фаъол дар ҳамаи сатҳҳо метавонад барои таҳкими эътимоди мутақобила ва пешбурди самараноки ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам оварад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии мутақобилаи худро ҷиҳати рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бори дигар иброз намуда, итминон изҳор карданд, ки натиҷаҳои ин вохӯрӣ ба татбиқи амалии тавофуқоти бадастомада ва таҳкими минбаъдаи шарикии Тоҷикистону Умон ба нафъи мардумони дӯсти ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
АКС:Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон








Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст






