Ҳамкории мақомоти судии Тоҷикистон ва Кувайт густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 25.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои бозомӯзии судяҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадам барои таҳкими мустақилияти судҳо, баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати адолати судӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории муштарак дар самти баргузории чорабиниҳои илмӣ-амалӣ 24 август зимни вохӯрии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрии ҷонибҳо инчунин доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории мақомоти судии ду давлат ва табодули таҷрибаи касбӣ баррасӣ гардид.
Гуфта шуд, ки таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар самти татбиқи адолати судӣ, густариши табодули таҷрибаи касбӣ ва амалӣ намудани унсурҳои муосири рақамӣ дар фаъолияти судҳо аҳамияти муҳим дорад. Ифтитоҳи Сафорати Давлати Кувайт дар шаҳри Душанбе бозгӯйи таваҷҷуҳи хос ва эътимоди баланди роҳбарияти ду давлат ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мебошад.
Ҷонибҳо ба идомаи муколамаи созанда ва тавсеаи ҳамкории дуҷониба изҳори итминон карданд.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






