Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад

Август 7, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 07.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории илмию таҳлилӣ, таҳкими робитаҳо дар самти табодули таҷриба, нашру таблиғи маводи таҳлилӣ ва ҳамоҳангсозии нақшаҳои муштараки фаъолият зимни вохӯрии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо ҳайати Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини сардори он Юй Тао баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва дигар бахшҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ муҳокима шуданд.

Ҳамзамон лоиҳаи «Нақшаи амал оид ба ҳамкории ҳар ду ҷониб барои солҳои 2027–2028» муаррифӣ гардид. Ҷонибҳо онро заминаи муҳим барои таҳкими ҳамкории минбаъда арзёбӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки густариши ҳамкории илмию таҳлилӣ, тақвияти робитаҳо дар самти нашру таблиғи адабиёти таҳлилӣ, инчунин таълиф ва интишори мақолаҳои илмии коршиносони ҳар ду давлат ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамояд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 7, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд