Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад

Август 27, 2026 11:35

ДУШАНБЕ, 27.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, марказҳои таҳлилӣ ва ҷомеаи коршиносии Тоҷикистон ва Туркманистон 26 август дар вохӯрии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аймират Кочмурадов баррасӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ доир ба дурнамои татбиқи таҳқиқоти муштараки илмӣ, таҳияи маводи таҳлилӣ, баргузории конференсияҳои илмӣ ва ҳамоишҳо табодули назар намуданд.

Иброз гардид, ки ҳамкории илмӣ яке аз самтҳои муҳими ҳамкории гуманитарӣ ба шумор рафта, барои табодули таҷриба, дониш ва натиҷаҳои таҳқиқот имконияти иловагӣ фароҳам меорад.

Инчунин оид ба зарурати фаъол намудани робитаҳо байни мутахассисон ва муҳаққиқоне, ки ба масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, рушди минтақавӣ, иқтисодиёт, амният ва дигар самтҳои мубрами рӯз машғул мебошанд, ибрози назар карда шуд. Гуфта шуд, ки табодули мунтазами арзёбиҳои коршиносӣ ва дастовардҳои илмӣ метавонад ба дарки амиқтари равандҳои дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ ҷараёндошта мусоидат намояд.

Тоҷикистон ва Туркманистон дорои имконоти назарраси ҳамкорӣ буда, ба густариши ҳамкорӣ бар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва манфиатҳои мутақобил ҳавасманд мебошанд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 27, 2026 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд