Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд

Август 5, 2026 08:48

ДУШАНБЕ, 05.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон Маҳмуди Шолуӣ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму фарҳанг табодули назар карданд.

Таъкид гардид, ки Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ дар баробари бузургдошти чеҳраҳои мондагори илму фарҳанги Эрон аз хидматҳои барҷастаи илмию фарҳангии бузургони кишварҳои форсизабон низ тақдиру таҷлил мекунад.

Аз ҷумла, солҳои гузашта Анҷуман маҳфилҳои бошукуҳи бузургдошти устодон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Лоиқ Шералиро баргузор намуда, маҷмуаи мақолаҳоро оид ба  рӯзгору осори ин бузургони Тоҷикистон нашр намуд.

Дар ин замина ҷонибҳо имконияти баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ доир ба бузургдошти нухбагони дигари Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Август 5, 2026 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард