Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
ДУШАНБЕ, 19.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳони муосир, ки рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бо суръати баланд идома дорад, масъалаи таъмини амнияти киберӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рақамикунонии иқтисодиёт ва рушди ҳукумати электронӣ ба масъалаи ҳифзи фазои киберӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Амнияти киберӣ имрӯз яке аз унсурҳои муҳими таъмини амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат ба ҳисоб меравад.
— Дар асри XXI рушди босуръати технологияҳои рақамӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтааст. Имрӯз аксари хизматрасониҳои давлатӣ, низоми молиявӣ, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, маориф ва дигар бахшҳои муҳими иқтисодиёт ба шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ такя менамоянд. Ин раванд барои баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳо имконияти васеъ фароҳам овардааст. Ҳамзамон вобастагии афзояндаи давлат ва ҷомеа аз технологияҳои рақамӣ хатари пайдоиши таҳдидҳои нави кибериро зиёд намудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои рушди иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои муҳим меандешад. Бо рушди ин равандҳо зарурати таъмини ҳифзи низомҳои иттилоотӣ, махзани маълумот, шабакаҳои давлатӣ ва инфрасохтори муҳими рақамӣ рӯз аз рӯз меафзояд.
Амнияти киберӣ маҷмуи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, техникӣ ва идоракунӣ мебошад, ки ба пешгирӣ намудани дастрасии ғайриқонунӣ ба маълумот, ҳифзи низомҳои иттилоотӣ аз ҳамлаҳои киберӣ, таъмин намудани махфият ва дастрасии маълумот равона гардидааст. Дар шароити муосир ҳар гуна ҳамла ба низомҳои давлатии иттилоотӣ метавонад фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилоти молиявӣ, шабакаҳои энергетикӣ, нақлиёт ва дигар инфрасохтори муҳими давлатиро халалдор намояд.
Имрӯз таҳдидҳои киберӣ шаклҳои гуногун доранд. Ҳамлаҳои фишингӣ, паҳн намудани барномаҳои зараровар, вирусҳои компютерӣ, рамзгузории маълумот тавассути ҳар гуна барномаҳо, ҳамлаҳои тақсимшудаи радкунии хизматрасонӣ (DDoS), ҷосусии киберӣ, дуздии маълумоти шахсӣ ва давлатӣ, инчунин паҳн намудани маълумоти бардурӯғ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи таҳдидҳое мебошанд, ки метавонанд ба фаъолияти давлат ва ҷомеа таъсири манфӣ расонанд. Бо рушди зеҳни сунъӣ ва худкори равандҳо хатари истифодаи технологияҳои нав барои анҷом додани ҳамлаҳои мураккаби киберӣ низ зиёд гардидааст.
Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки таъмини амнияти киберӣ танҳо бо истифодаи воситаҳои техникӣ маҳдуд намешавад. Барои ҳифзи фазои киберӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур мебошад. Дар аксари давлатҳои пешрафта марказҳои миллии амнияти киберӣ, марказҳои мониторинги шабакаҳо, гурӯҳҳои вокуниш ба ҳодисаҳои компютерӣ, марказҳои амалиёти амнияти киберӣ (SOC) ва низомҳои миллии мубодилаи иттилоот оид ба таҳдидҳои киберӣ фаъолият менамоянд. Истифодаи чунин таҷрибаҳо метавонад барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ самаранок бошад.
Яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти киберӣ омода намудани мутахассисони баландихтисос мебошад. Дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ талабот ба мутахассисони соҳаи амнияти иттилоотӣ сол аз сол зиёд мегардад. Омӯзиши технологияҳои муосири ҳифзи шабакаҳо, таҳлили таҳдидҳо, санҷиши амнияти низомҳо, идоракунии ҳодисаҳои киберӣ ва истифодаи стандартҳои байналмилалӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва тайёр намудани кадрҳо бошад.
Баланд бардоштани маърифати рақамии аҳолӣ низ дар таъмини амнияти миллӣ нақши муҳим дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди ҳамлаҳои киберӣ бо истифода аз беэҳтиётии истифодабарандагон анҷом дода мешаванд. Истифодаи рамзҳои мустаҳкам, фаъол намудани аутентификатсияи бисёрмарҳилавӣ, худдорӣ аз кушодани пайвандҳои шубҳанок, навсозии мунтазами нармафзор ва истифодаи воситаҳои ҳифзи иттилоот метавонад хавфи ҳамлаҳои кибериро ба таври назаррас коҳиш диҳад.
Ҳамкории байналмилалӣ низ яке аз омилҳои муҳими рушди амнияти киберӣ мебошад. Ҷиноятҳои киберӣ аксаран хусусияти фаромиллӣ доранд ва мубориза бар зидди онҳо бе ҳамкории давлатҳо имконнопазир мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо иштироки фаъолона дар созмонҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба, иштирок дар машқҳои байналмилалии киберӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами кишварҳои дигар сатҳи омодагии худро нисбат ба таҳдидҳои киберӣ боз ҳам баланд бардорад.
Барои такмили низоми амнияти киберии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки мониторинги доимии шабакаҳои давлатӣ ба роҳ монда шуда, технологияҳои муосири муайян намудани ҳамлаҳо ва пешгирии онҳо васеъ истифода шаванд. Татбиқи низоми идоракунии амнияти иттилоотӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, истифодаи воситаҳои зеҳни сунъӣ барои таҳлили таҳдидҳо, гузаронидани санҷишҳои мунтазами амнияти киберӣ ва рушди марказҳои амалиёти амниятӣ метавонанд сатҳи устувории инфрасохтори давлатии рақамиро ба таври назаррас баланд бардоранд.
Амнияти киберӣ имрӯз яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон буда, рушди иқтисоди рақамӣ ва густариши истифодаи технологияҳои иттилоотӣ тақозо менамояд, ки масъалаи ҳифзи фазои киберӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дошта бошад.
Тақвияти заминаҳои ҳуқуқӣ, рушди инфрасохтори амнияти киберӣ, омода намудани мутахассисони соҳибихтисос, баланд бардоштани маърифати рақамии аҳолӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ метавонанд барои таъмини рушди устувори кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар фазои рақамӣ заминаи боэътимод фароҳам оваранд.
Ҳаким БАРОТОВ,
мутахассиси пешбари раёсати амнияти иттилоотӣ ва коркарди махзани маълумоти
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо






