«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 04.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таҳти унвони «Файзи Истиқлол-35» иқдоми махсусро пешниҳод намудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.
Дар доираи иқдоми «Файзи Истиқлол-35» «Амонатбонк» барои волидон ва донишҷӯён пешниҳоди махсус омода кардааст, то тайёрӣ ба соли нави таҳсили 2026-2027 осонтару дастрастар гардад.
Дар асоси иқдоми «Файзи Истиқлол -2026» «Амонатбонк» ба муштариён то 35 ҳазор сомонӣ қарз барои харидани либосҳои мактабӣ, пардохти маблағи шартномаи таҳсил дар донишгоҳ ё мактаб, дастрас намудани лавозимоти хониш ва дигар ниёзҳо пешниҳод менамояд.
Қарзи «Файзи Истиқлол-2026» аз 1 август то 30 сентябри соли 2026 аз 1 000 то 35 000 сомонӣ бо 15 фоизи солона ба муҳлати аз 2 то 35 моҳ, бе гарав ва зомин ба муштариён пешниҳод карда мешавад.
АКС: «Амонатбонк»








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд






